Рамазон 2020: Бидуни карона, вале бо ҷаҳиши нарх

Инак моҳи шарифи Рамазон низ оғоз ёфт, вале аз Рамазонҳои қаблӣ баъзе фарқҳо дорад. Ҳамасола дар ин шабу рӯз мардум табли шодӣ мезаданду Рамазонро бо шодиву сурур пешвоз мегирифтанд, аммо имсол халқи ҷаҳонро хавфи нобудшавӣ таҳдид мекунад, нархҳо то андозае боло рафтаанд, ки метавон «нархи миёншикан» номид ва бо вуҷуди ин ҳама дари масоҷиди олам, аз Маккаи Мукаррама сар карда, то хурдтарин намозгоҳҳои панҷвақта баста шудаанду таърихи башарият ҳоли имрӯзаро дар ёд надорад.

Имсол моҳи Рамазонро бо нархҳои ғайримуқаррарӣ оғоз намудем. Гарчанде ҳамасола тоҷирону савдогарон дар оғози ин моҳи муборак нарху наворо аз пештара фарқ мекунониданд, вале имсол то як дараҷаи ҳангуфт боло рафт.

Дирӯз дар бозорҳои пойтахт 1 кг картошкаи нав 10 сомонӣ ва картошкаи соли гузашта 8 сомонӣ, пиёзи нав 4 сомонӣ ва ҳосили соли қаблӣ 3 то 3,5 сомонӣ, сабзӣ 2 сомонӣ нарх дошт. Аммо лимӯ, ки табибон барои пешгирӣ аз коронавирус тавсия дода буданд, 1 дона 5 сомонӣ, ки қаблан 1 кг ин нархро дошт ва дар кило ба 30 сомонӣ баробар буд. Хурмо бошад то 40 сомонӣ нарх дошт.
Бо вуҷуди он, ки дар чанд ҷои пойтахт, аз ҷумла дар бозори «Меҳргон» ярмаркаи рамазонӣ аз ҷониби «Тоҷикматлубот» ташкил карда шуда буданд, вале тиҷорати ҳаннотон низ дар ҷӯш буд, ки масали «буз дар ғами ҷону қассоб дар ғами гӯшт»-ро мемонд. Бо вуҷуди набудани вируси корона оммаи халқ таҳлукае доштанд, ки гӯё имрӯз ё фардо қаҳтӣ меомада бошад ва ҳаннотон аз ин истифода бурда, ҷайбҳои худро пур мекарданд.

Масъулини Иттифоқи «Тоҷикматлубот» бошанд, ин ҷаҳиши нарху наворо мавсимӣ медонанд, аммо мавсими он то кай бошад? То пурра холи шудани ҷайби мардум? Аҷаб мавсиме, ки муҳоҷирони тоҷик дар чор гӯшаи ҷаҳон бекоранд ва оилаи онҳо дар ин ҷо «хариди мавсимӣ» мекунанд…

Оғози моҳи шарифи Рамазон ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон муборак бошад!
Меҳрофарин НАҶЕВУЛЛОЕВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *