Рамазон Абулатипов ба истеъфо рафт
Рамазон Абдулатипов курсии раисҷумҳури Доғистонро канор мегузорад. Дар ин бора “РБК” бо такя ба манобеаш хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, Абдулатиповро фавран ба маъмурияти президенти Русия даъват намуда, барои ӯ чанд мақомро пешниҳод кардаанд. “Ин барои ӯ ғайриинтизор буд, касе намедонист. Абдулатипов фикр мекард то охир дар ҳамин мақом мемонад”,—гуфтааст манбаи “РБК”.
Ин манбаъ гуфта, аз Абдулатипов пурсидаанд, ки оё касеро метавонад барои муваққатан иҷрокунандаи вазифаи президенти Доғистон тавсия кунад, аммо вай посух дода, ки алъон касе мавриди назар нест.
“РБК” мегӯяд, Рамазон Абдулатипов 27 сентябр аризаи “бо хоҳиши худ” аз мақом рафтанашро навиштааст.
Рамазон Абдулатипов соли 1946 дар Доғистон ба дунё омадааст. Ӯ солҳои 2005–2009 сафири Русия дар Тоҷикистон буд. Соли 2011 ба Русия рафт ва вакили Думаи давлатӣ шуд. Баъди ду сол, соли 2013 раисҷумҳури Доғистон шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ