Рамазон ба Навалний Қуръонро доданист, агар…
Иҷозат аст, ки Қуръон дода шавад, “агар маҳбус аз кораш пушаймон шудааст, мехоҳад ба роҳи ҳақ равад, исломро қабул кунад ва бо тамоми қалб мехоҳад, садои Офаридгорро шунавад
Рамазон Қодиров, президенти Чеченистон, гуфтааст,ки Алексей Навалний, ки дар зиндон Қуръонро мехоҳад, ба ҳамин васила талош дорад, китоби муқаддасро ба ҳадафҳои худ истифода барад
Қаблан Навалний, ки дар муассисаи ислоҳии рақами 2-и вилояти Владимир нигоҳдорӣ мешавад, ба роҳбарияти муассиса шикоят кард, ки ба ӯ Қуръон ва дигар китобҳояшро намедиҳанд. Ӯ изҳор дошт, ки мехоҳад Қуръонро омӯзад, аммо дар зимн таъкид намудааст, ки мусалмон нест.
Ба гуфтаи Қодиров, “Навалний талош дорад, китоби муқаддасро ба ҳадафҳои сиёсии худ истифода барад ва ҳатман иқтибосҳоеро барои иғво истифода хоҳад кард, ҳамчуноне, ки ба ин кор дер боз дар Аврупо омӯхта шудаанд”.
Президенти Чеченистон, мегӯяд, ки Навалний, ки алайҳи сохтмони масоҷид баромад мекунад, ба ҳамин васила мехоҳад, мусалмононро ба худ моил созад.
Ӯ аз номи мусалмонҳои Русия аз мақомоти маҳбас хост, “ба зиндонӣ иҷозат надиҳанд, ки адовати динӣ барангезадӯ”.
Ба гуфтаи , ӯ иҷозат аст, ки Қуръон дода шавад, “агар маҳбус аз кораш пушаймон шудааст, мехоҳад ба роҳи ҳақ равад, исломро қабул кунад ва бо тамоми қалб мехоҳад, садои Офаридгорро шунавад”.
Суди ноҳияи Симонови Маскав 2 феврал ҷазои шартии Навалнийро бекор карда, ба 3,5 соли зиндони низомаш умумӣ иваз кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ