Рамазон Билялов ва Магомед Маздаевро 15 ва 13 сол доданд
Додгоҳи низомии ҳавзаи Қафқози Шимолӣ дар Ростов-на-Дону, ҳукми Рамазон Билялов ва Магомед Маздаевро эълон кард, ки ба гаравгонгирӣ ва ташкили террори соли 1995 дар Будёновск муттаҳам мешаванд. Онҳо барои 15 ва 13 сол аз озодӣ маҳрум шуданд.
Ин ду нафар иттиҳомро рад ва худро бегуноҳ эълон карданд. Билялов гуфт, ки ҳангоми ҳамла ба Будёновск ӯ дар минтақаи дигар ба корҳои сохтмонӣ машғул буд. Вакили онҳо гуфтааст, ки ҳукмро ба чолиш мекашад.
Маздаев моҳи декабри соли 2014 дар вилояти Волгоград ва Билялов тобистони соли 2015 дар Чеченистон боздошт шуд. Кумитаи тафтишот мегӯяд, ки даст доштани боздоштшудаҳо дар ҳамлаи Будёновскро наворҳои видеоӣ собит мекунад. Ин наворҳо ба парвандаи ҷиноӣ илова шудаанд.
14 июни соли 1995 ҳудуди 200 ҷангии мусаллаҳ, бо сарварии Шамил Басев, бо талаби қатъи амалиёти низомӣ дар Чеченистон, Будёновскро бо якуним ҳазор аҳолӣ ба гарав гирифтанд. Дар ҷараёни амалиёти озодшавии Будёновск 129 нафар кушта ва 300 нафар маҷруҳ шуд. Ҳудуди 30 ҳамлагар ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуд ва 23 тани дигар дар ҷустуҷӯи федеролӣ қарор доранд. Шамил Басев соли 2006 кушта шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ