Рамазон дар Тоҷикистон кай оғоз мешавад? Назари Шӯрои уламо чист? (аудио)

Дар Душанбе ва бархе шаҳрҳо аллакай тақвимҳои моҳи шарифи Рамазон нашр ва фурӯхта мешаванд, ки оғози Рамазонро 2-юми апрел нишон додаанд.

Интизор меравад дар Тоҷикистон 2-юми апрел расман оғози моҳи шарифи Рамазон эълон шавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим иттилоъ додаанд.

Нархи гӯшт ва дигар маҳулоти полезӣ қиммат хоҳад шуд

Бино ба иттилои манбаъ, моҳи Рамазон шояд 2-юми апрел оғоз гардад, вале фардо, рӯзи 29-уми март дар ҷаласаи аъзои Шӯрои уламои Маркази исломии ҷумҳурӣ санаи дақиқи моҳи шарифи Рамазон маълум ва эълон мешавад. 

Ҳар сол моҳи шарифи Рамазон 10 рӯз пештар аз соли гузашта фаро мерасад. Соли гузашта Шӯрои уламои Тоҷикистон оғози Рамазонро 13-уми апрел эълон карда буд.

Нону чой, дигар чӣ хӯрад бечораи камбағал

Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ ба ҳисоб рафта, мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат ва қироати Қуръон машғул мешаванд. Моҳи Рамазон бо Иди Фитр ба анҷом мерасад, ки иди муҳими мусалмонон ба шумор меравад.

Рӯза дар ин моҳи шарифи Рамазон ҳукми Худованд буда, мисли намозу закоту Ҳаҷҷ яке аз рукнҳои асосии ислом мебошад. Рӯза иборат аз нахӯрдан, наошомидан, даҳон ба алфози бад наолудан, ҳамхобагӣ накардан аз субҳи содиқ то ғуруби офтоб аст. Рӯзаи моҳи шарифи Рамазон аҷру савоби бузург ва подоши бешумор дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *