Рамазон Қодиров: Чеченистон ДИИШ-ро нобуд месозад!

 

Чеченистон қобилияти дар танҳогӣ нобуд сохтани ДИИШ дар Сурияро дорад, ахиран арз намуд президенти Чеченистон Рамазон Қодиров.

«Қувваҳои мусаллаҳи Русия терористони ДИИШ- ро маҷбур кард, ки аз Сурия думашонро «хода» кунанд. Ба нобудии ин гурӯҳ лаҳзаҳои башумор боқӣ мондааст!  Мо қобилияти дар «марзи худ»- ашон нобуд сохтани онҳоро дорем!  Дастаи ихтиёрон ҳамчунин барои онҳо ду роҳро пешниҳод мекунад: Ё бо ихтиёри худ яроқ мепартоянд ё дар хоки Сурия дафн мешаванд!» – навиштааст, ҷаноби Қодиров дар саҳифаи шахсияш дар сомонаи Instagram.

«Агар кассе хоҳиши ба ин роҳи дурусти мо интихоб карда равона шуданро дорад, мо барояш роҳи дурударози зиндагии осоиштаро нишон медиҳем. Бори дигар такрор мекунам, мо онҳоеро ки нисбати Русияю халқи бузурги рус суханони ноҷо мегӯяд, дар ҷояш мешинонем»-  ироа намудааст Рамазон Қодиров.

Мавсуф видеои дар ётуб гузоштаи ДИИШ-ро, ки таҳдид ба Русия буд,  «ҳарзагӯӣ»-е беш напиндошта, гуфтааст:

» Ман бо истифода  аз он салоҳияте, ки дорам ин «арз»-и ДИИШ-ро ҳарзагӯие беш напиндошта, мегӯям, ки онҳо танҳо даҳон доранду халос! На аслиҳаи хуб на қувваи лозимае, ки бар зидди мо бароянд. Фаромуш накунед, ки мо чанде пеш дар Чеченистон як гурӯҳи ба қавли худашон «ҳамаҷиҳата пурқувват»- ро несту нобуд карда будем!».

Ба қавли президенти Чеченистон видеои нашршудаи аз ҷониби ДИИШ дар утоқҳои ҳарбии мамолиқи абарқудрати Ғарб сабт шуда, ин давлатҳои тамоман аз ислом дур дар ташкилу бо силоҳ таъмин шудани ДИИШ даст дошта, яке аз мақсадҳои асосии эшон ҷанги идеологбо Русия аст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *