Рамазон рӯзи 16 май?
Шӯрои уламои Тоҷикистон, мегӯяд, ҳафтаи оянда рӯзи шуруъи Рамазонро эълон мекунад. Масъулини ин ниҳод мегӯянд, ба эҳтимоли зиёд 16 май моҳи Рамазон дар Тоҷикистон фаро мерасад.Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон рӯзи 3 май гуфтааст, ки 10 май ҷаласа баргузор мекунанд ва бар асоси хулосаи комиссия ва нишондоди Институти астрофизика рӯзи аввали моҳи Рамазон эълон мешавад. Дар назар аст, ки дар ҷаласаи Шӯрои уламо ҳамчунин ҳаҷми закот ва садақаи фитр низ муайян шавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ