Рамазон рӯзи якшанбе ё душанбе?

Ҳафтаи охир сару садоҳо дар мавриди он,ки имсол низ моҳи Рамазон дар Тоҷикистон як рӯз кам карда мешавад, дар гашту гузоранд.

Ду сол пеш аз ин бори дигар ҳам чунин иттифоқ афтода буд, ки бо фатвои Шӯрои уламо  сокинони кишвар ба ҷои сӣ рӯз ҳамагӣ 29 рӯз рӯза дошта буданд ва инро ситорашиносон низ тасдиқ мекунанд, ки чунин иттифоқ меафтад. Яъне дар чанд сол  моҳи Рамазон метавонад  ба ҷои 30  рӯз ҳамагӣ 29 рӯз идома ёбад. Аммо ин кадом солҳост, танҳо мунаҷҷимон муайян карда метавонанд. Овозаҳои имсола низ вобаста ба як рӯз кам шудани моҳи Рамазон мардуми рӯзадорро ба ташвиш овардааст. Вобаста ба ҳамин мавзӯъ, хабарнигори «Тоҷикистон таймс» ба  идораи муфтиёти   кишвар занг зад. Ҳануз сухане ба даҳон наоварда аз тараф нафаре гуфт:

-Пагоҳ  соати 10 ҷаласаи Шӯрои уламо баргузор мегардад  ва дар ҳамон ҷо масъалаи кай будани  рузи Иди Рамазон  муайян мешавад.

Маълум буд, ки Юсуф Азизов (мусоҳиби мо худро чунин муаррифӣ кард) аз ҷавоб додан ба ин савол хаста шудааст.

Биёед, дигар то пагоҳ касеро дар ин масъала ба ташвиш намеандозем ва ҷаласаи Шӯрои уламоро интизор мешавем.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *