Рамазон Раҳимзода ба ҳамтои ӯзбекаш чӣ гуфт?

Имрӯз, 10-уми июн вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода вазири корҳои дохилии Ӯзбекистон, генерал-лейтенант Пулат Бобожоновро ба ҳузур пазируфт.

Пулат Бобожонов бо ҳайати гурӯҳи корӣ дар доираи сафари расмии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Душанбе қарор дорад.

Нахуст, Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон вазири корҳои дохилии Ӯзбекистон генерал-лейтенант Пулат Бобожоновро хайрамақдам гуфта, изҳор дошт, ки вохӯрии имрӯза барои таҳким бахшидани робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду мақомот манфиатбахш мебошад.

Зикр гардид, ки мо бояд ҳамкориҳоро тақвият бахшида, дар мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ ва таҳдиду хатарҳои замони муосир дар ҳамбастагию якҷоягӣ фаъолият намоем.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили ҳамкориҳоро дар самти мубориза бо терроризм, экстремизм, сепаратизм, ҷиноятҳои муташаккилонаи фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, мубодилаи иттилооти оперативӣ ва мустаҳкам намудани ҳамкориҳои пайвастаи воҳидҳои мақомоти корҳои дохилии ҳарду ҷониб мавриди баррасӣ қарор доданд.

Мавриди қайд аст, ки муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар заминаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба фаъолона рушду густариш ёфта, ҳарду давлат дар фаъолияти ИДМ ва СҲШ нақши калидӣ дошта, дар таъмини амният ва суботи Осиёи Марказӣ саҳми муҳим мегузоранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *