Рамазон Раҳимзода: Мо омодаем…

3 август таҳти раёсати вазири корҳои дохилӣ, генерал- полковник Рамазон Раҳимзода дар ВКД нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Рамазон Раҳимзода ба ҳамаи саволҳои рӯзноманигорон муфассал посух дод. Фишурдаи баъзе аз посухҳоро пешниҳоди хонандагон мегардонем.

— Шумо чанде пеш дар Бадахшон будед ва аз вазъи сарҳад огаҳӣ пайдо кардед. Он ҷо вазъият чӣ гуна аст?

— Вазъи сарҳад ором аст ва мо дар якҷоягӣ бо сохторҳои дигар, барои он ки амнияти  вилоят ва кишвар таъмин бошад, чораҳои зарурӣ андешидем. Сарҳади мо бо Афғонистон аз лиҳози амниятӣ зери назорати сахт мебошад ва ягон террорист ва  ё тааррузгар наметавонад онро шиканад. Мо омодаем…

-Марги Гулмурод Ҳалимов дар Сурия тасдиқ шудааст ё на?

-Тибқи қонунгузорӣ, барои тасдиқи мурдаи ин ё он нафар санад ё мадраке бояд бошад, мо чунин санадро надорем, лекин, бино ба гуфти шоҳидон,  онҳое, ки аз Сурия баргаштаанду боздошт шудаанд, Гулмурод Ҳалимов ҳамроҳи аҳли оилааш кушта шудааст.

— Оё ҷиноятҳои содиркардаи  Хуҷа-командир тасдиқи худро ёфтаанд?

— То ҳол зиёда аз 15 ҷинояти ӯ исботи худро ёфтаанд ва ӯ гуноҳи худро ба гардан гирифтааст. Мо боварӣ дорем,ки дар рафти тафтиш ҷиноятҳои дигари ӯ низ ошкор мегарданд.

— Шахсияти террористони тоҷикистоние, ки дар Русия боздошт шудаанд муайян шудааст?

— Мо интизори дархости ҳамкорони худ аз ин кишвар ҳастем ва вобаста  ба боздошти террористон ба саволи шумо Шодӣ Ҳафиззода, сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД ҷавоб медиҳад.

Шодӣ Ҳафиззода: —  Дар давоми  шаш моҳ ду ҳамлаи террористӣ дар кишвар пешгирӣ карда шуд. Террористон, пеш аз он ки ҳамларо анҷом диҳанд, дастгир шуданд. Онҳо мехостанд, ҳамлаҳоро дар ноҳияҳои Шаҳринав ва Рашт анҷом диҳанд ва кормандони мақомоти корҳои дохилиро ҳадаф қарор диҳанд. Дар ним сол беш аз дусад аъзои созмонҳои террористиву ифротгароро дастгир шуданд. Дастгиршудаҳо мутобиқан ба чунин гурӯҳу созмонҳо марбут буданд:

203 нафар узви «Бародарони мусалмон»,  27 — узви «Давлати исломӣ», 17- узви «Салафия», 8 — узви «Ҷамоати Ансоруллоҳ», 4 — узви «Гурӯҳи 24″, 3 — узви ҲНИТ, 3 — узви «Ал-Қоида«, 1- узви «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон«, 1 — узви “Толибон”; 1нафар узви «Ҷамоати таблиғ».

92 нафаре, ки ба узвият дар гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро муттаҳам буданд, дар хориҷ дастгир ва ба кишвар оварда шудаанд.

— Оё ВКД дар мубориза бар муқобили Covid 19 кор мебарад. Махсусан дар нақлиёти ҷамъиятӣ аз меъёр зиёд гирифтани мусофирон сокинони пойтахтро ба ташвиш андохтааст. Оё ин ҳолат зери назорати кормандони ВКД ҳаст?

— Мубориза бар муқобили коронавирус на танҳо кори Вазорати тандурустӣ, балки ҳама сохторҳо ва аҳли ҷомиа аст. Мавзуе, ки зикр кардед таҳти назорати доимии ВКД аст.  Дар шаш моҳи аввали соли равон зиёда аз 36 ҳазор чунин қоидавайронкуниҳо ба қайд гирифта шудаанд, ки аз меъёр зиёд савор кардани мусофирон аз ин ҷумла мебошад.

—  Имкон надорад, ки ҷаримаи “Шаҳри бехатар” камтар карда шавад, зеро маблағи он хеле гарон аст?

— Ҷарима барои он таъин карда мешавад, ки ронандагони қоидавайронкун ин амалҳояшонро такрор накунанд. Қоидавайронкунӣ дар роҳ ҷони  одамонро зери хатар мегузорад. Ин пешниҳод қобили қабул нест.

 -Оё дар ин давра кормандони БДА ,ки ришва гирифтаанд, ошкор шудаанд?

— Бале, мутаассифона, чунин ҳолатҳо ҷой доранд. Ҳафт нафар корманди ришвагир барои чунин амал аз мақомот озод карда шудаанд. Дар ин амал ронандагон низ бояд масъулият дарк кунанд ва ришва надиҳанд.   

— Дар шаҳри Исфара як марди солхӯрда аз ҷониби кормандони милиса мавриди таҳқир қарор гирифт. Оё нисбати ин ду нафар милиса чора дида шуд?

— Ҳарчанд, тавре ки дар навори паҳншуда дида мешавад,таҳқирро аввал ҳамон мард оғоз кардааст. Бо вуҷуди ин кормандони мо ҳақ надоштанд, ки дағалона рафтор кунанд. Он ду корманд дар вазифаи паст ва ба шуъбаи дигар гузаронида шуданд.

— Магар  шарт аст, ки шаҳрвандоне, ки аз дигар минтақаҳо ба Душанбе меоянд, худро дар шаҳр  ба қайд гиранд?

— Шарт аст. Дар ҳолати риоя нагардидани ин талаботи қонун чунин шахсон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.

Дар хотимаи ин нишаст Рамазон Раҳимзода ба ҳамаи ширкаткунандагони нишаст изҳори сипос намуда, бори дигар таъкид намуд,ки рӯзноманигорон метавонанд ба таври ҳамешагӣ ба зерсохторҳои вазорат ва  ё бевосита ба худи ВКД муроҷиат намуда ,ба саволу пурсишҳои худ ҷавоб гиранд.

А.АҲМАДЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *