Рамазон Раҳимзода бо Абдусалом Азизов мулоқот кард

Дирӯз дар доираи баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои ИДМ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон генерал-майор Абдусалом Азизов вохӯрӣ доир намуд.

Тавре  аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкории дуҷониба дар самти мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули афкор намуда, як қатор таклифу пешниҳодҳои судманд ба миён гузоштанд.

Бояд зикр намуд, ки баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои ИДМ ба густариш ёфтани ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба байни сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои аъзо мусоидат намуда, равобити онҳоро боз ҳам мустаҳкамтар менамояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *