Рамазон Раҳимзода доктори илм мешавад

Баъди ду ҳафта генерал Рамазон Раҳимзода – вазири корҳои дохилии Тоҷикистон – ба сафи докторони илми ҳуқуқ мепайвандад.

 Қарор аст, ки Раҳимзода рӯзи 29-уми декабри имсол дар Комиссияи олии аттестасионӣ ва дар ҳузури олимони ҳуқуқшинос рисолаи докториашро ҳимоя кунад.Мавзӯи рисолаи доктории Рамазон Раҳимзода “Фаъолияти ҷустуҷӯӣ-оперативӣ барои таъмини амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон: мушкилоти назариявӣ, методология ва таҷриба (таҳлили таърихӣ- ҳуқуқӣ ва умуминазариявӣ)” аст. Рисолаи 582-саҳифаии Рамазон Раҳимзода ба доираи олимони ҳуқуқшинос тақсим шудааст. Ин рисоларо дар Шӯрои илмии ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тасвиб ва барои ҳимоя ба Комиссияи олии аттестатсионӣ пешбарӣ кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *