Рамазон Раҳимзода: Гулмурод Ҳалимов рӯзҳои наздик боздошт мешавад

      -Дар шаш моҳи соли 2016 дар ҷумҳурӣ 10 ҳазору 581 (2014-10411) ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки сатҳи ошкоркунии ҷиноятҳо 94 (соли 2015-94,3) фоизро ташкил медиҳанд,иброз дошт зимни нишасти матбуотӣ Вазири Корҳои Дохилӣ Рамазон Раҳимзода. Дар 6 –моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби соҳибони воситаҳои нақлиёт 160 ҳазор қоидавайронкунӣ ба қайд гирифташуда ,аз онҳо   ба маблағи 1млн. сомонӣ ҷарима ситонида шуд.

-Аз тарафи ҷузъу томҳои мақомот 110 гуруҳи муташаккили ҷинояткор дар ҳайати 1387 нафар барои содир кардани 629 ҷиноят муайян ва дастгир карда шуданд,- афзуд вазир.

Мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз масъалаҳои доғи рӯз ба ҳисоб рафта, дар ин давра аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ 351 (2015-402) ҷиноят вобаста ба гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ошкор карда шуд.

Дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҳамкории самаранок бо шаҳрвандон аз аҳолӣ  то ба имрӯз 40 ҳазору 105 адад ва дар шаш моҳи соли ҷорӣ 1066 (2015-1052) адад силоҳи оташфишони ғайриқонунӣ дарёфт ва мусодира карда шуд гуфт вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода.

Дар мавриди полковники фирории дар Рамазон Раҳимзода. қарордошта Гулмурод Ҳалимов дар посух ба саволи хабарнигорон Рамазон Раҳимов гуфт, ки ӯ рӯзҳои наздик боздошт хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *