Рамазон Раҳимзода президенти Федератсияи шиноварӣ

7-уми октябр дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенси”-и шаҳри Душанбе маҷлиси ғайринавбатии ҳисоботиву интихоботии Федератсияи шиноварии Тоҷикистон баргузор шуд.

Федератсияи шиноварии кишварро тайи чанд соли охир нафарони тасодуфие роҳбарӣ карданд, ки ба рушду такомули ин варзиши хеле ҷолибу муҳим саҳми арзанда гузошта натавонистанд. Аз ин рӯ, дастовардҳои варзишии шиноварони тоҷик чӣ дар мусобиқаҳои дохили кишвар ва чӣ берун аз он назаррас нестанд.

Иштирокчиёи маҷлис вазъи ташвишовари имрӯзаи  шиновариро мухокима карда, номзадии вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзодаро ба президентии федератсияи мазкур муносиб донистанд ва ҳама ба ҷонибдориаш овоз доданд. Айни ҳол барои дастгоҳи иҷроияи Федератсияи шиноварӣ интихоби кормандон ҷараён дорад.

Генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода соҳиби унвони Корманди фахрии варзиш ва тарбияи ҷисмонии ҶТ буда, номзад ба устоди шоҳмот аст. Таҳти  роҳбарии ӯ Ҷамъияти варзишии «Динамо» фаъолияти худро ҷоннок кардааст. Дар шафати Вазорати корҳои дохилӣ майдони варзишӣ ва Кохи варзишӣ бунёд кардааст. Наздики даҳ сол мешавад, ки дар ин ҷо мусобиқаҳои футболи хурд, футзал, гӯштигирӣ, волейбол ва шиноварӣ баргузор карда мешаванд. Ҳавзи шиноварии Кохи варзишӣ алҳол ягона тамрингоҳи шиноварони пойтахт маҳсуб ёфта, мудом бо оби гарм таъмин аст.

Бинобар гуфтаи камонвари маъруф Зебуннисо Рустамова, ки дар маҷлис иштирок дошт, интихоби Рамазон Раҳимзода ба маснади президентии Федератсияи шиноварӣ ба рушди ин намуди варзиш заминаи боэътимод хоҳад шуд.

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *