Рамазон Раҳимзода рутбаи генерал-полковникро ба даст овард.
Бо фармонҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон 5 мансабдори баландпояи вазорати корҳои дохила сазовори рутбаи генерал-майор шуда, вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода рутбаи боз баландтари генерал-полковникро ба даст овард.
Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод, ки раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 25 август дар Қасри миллат як идда аз намояндагони касбу корҳои гуногунро барои кори назаррасашон ҷоизаву мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои баланди низомӣ сарфароз гардонд.
Бино ба ин манбаъ, аз ҷумла «бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла, Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо рутбаҳои ҳарбии махсуси «генерал-полковники адлия», «генерал-полковники милитсия», «генерал полковник» ва теъдоди муайяни хизматчиёни Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати мудофиа, Қӯшунҳои сарҳадӣ ва Гвардияи миллӣ бо рутбаҳои «генерал-майори милитсия», «генерал-майор», «генерал-майори гвардия» сарфароз гардонида шуданд.”
Дар гузориши дафтари матбуоти президент афроде ки соҳиби рутбаҳои баланд шудаанд, мушаххасан ном бурда нашуданд. Ин манбаъ танҳо унвони генерал-полковник гирифтани вазири дохила Рамазон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймӯмин Ятимов ва соҳиби унвони генерал-полковники адлия шудани додситони кулл Юсуф Раҳмонро зикр кардааст.
Дар ҳамин ҳол, сомонаи расмии вазорати корҳои дохилӣ хабар дод, ки ба ҷуз аз вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, ки соҳиби унвони баландтари генералӣ – рутбаи генерал полковник – гардид, боз 5 мансабдори баландпояи ин вазорат ба рутбаи генерал – майор даст ёфтаанд: «Дар маросими мукофотсупорӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои шоёни таҳсини шумораи зиёди кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро махсус таъкид карданд.
Ҳамин тариқ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо рутбаи генерал-полковники милитсия;
— сардори РВКД дар ВМКБ Искандарзода Абдулваҳоб Мансур бо рутбаи генерал-майори милитсия;
— сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт Шафизода Рустам Исмоил бо рутбаи генерал-майори милитсия;
— сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ Рамазонзода Суҳроб Кароматулло бо рутбаи генерал-майори милитсия;
— сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии Вазорати корҳои дохилӣ Раҳимзода Абдураҳим Абдураҳмонбо рутбаи генерал-майори милитсия;
— сардори Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомии Вазорати корҳои дохилӣ Маҳамдшозода Шерали Аъзам бо рутбаи генерал-майори милитсия сарфароз гардонида шуданд.”
Ҳамчунин рӯзи 25 август 18 корманди вазорати дохила ба медалҳои «Хизмати шоиста» ва «Ҷасорат» мушарраф гардиданд.
Вазири дохила Рамазон Раҳимзода баъди бозгашт аз маросими ҷоизаву рутбасупорӣ дар Қасри миллат як ҷаласаи дигар бо иштироки сардорони раёсатҳо ва ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ доир кардааст. Ӯ дар суханрониаш аз номи ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ ба Эмомалӣ Раҳмон «барои ғамхорӣ ва дастгириҳои пайваста изҳори миннатдорӣ намуда, афзуд, ки Роҳбари Давлат ҳамеша хизмати содиқонаю софдилонаи кормандони милитсияро қадр намуда, ба онҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд.”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ