Рамазон Раҳимзода:Тафтишоти фоҷеа идома дорад
Дар нишасти матбуотие,ки мувофиқи нақшаи пешакӣ ВКД гузаронд, саволҳои хабарнигорон асосан ба фоҷеаи Данғара, яъне ба марги сайёҳони хориҷӣ равона гардида буд.
Вазири корҳои дохилӣ тафсилоти марги ин сайёҳонро бори дигар манзури хабарнигорон карда, баъдан изҳор намуд, ки тафтишоти қазияи мазкур ҳоло дар ихтиёри Прокуратураи генералӣ вогузошта шудааст. Аммо дар бригадаи махсуси тафтишотие,ки бо супориши Роҳбари Давлат таъсис дода шудааст, аз ҳамаи сохторҳои қудратӣ намояндагон ширкат доранд. Вобаста ба тафтиши ҳодисаи мазкур ҳамаи фарзияҳо дида баромада мешаванд ва айни замон аз сабаби идомаи тафтишот ҷузъиёти бештари он ошкор карда намешавад. Ҳамчунин Рамазон Раҳимзода ба саволҳои дигари рӯзноманигорон оид ба фаъолияти ВКД дар нимсолаи аввал ҷавоб гуфт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ