Рамзан Қодиров омода аст аз мансаб равад

Роҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров дар мусоҳибаи барномаи «Чеҳраҳои кунунӣ» дар шабакаи «Россия 1» гуфт, омодааст, аз мансаб канор равад, зеро ба гуфтааш, «замони он фаро расид».

«Метавон гуфт, ин орзуи ман аст. Роҳбари минтақа будан ва масъулияти мардум, масъулияти кишварро назди Худо, назди роҳбарияти давлат ва албатта назди мардум иҷро кардан — хеле душвор аст», — гуфт Қодиров. Зеро барои ҳар иштибоҳ, ба гуфтаи вай, бояд «ҳам дар ин дунё ва ҳам дар он» ҷавоб гуфт.

«Аз ин рӯ ман гуфтанӣ нестам, ки хуб… ман хаста шудаам, ё хизмат кардан намехоҳам… Ман бар ин назарам, ки фурсат фаро расид. Замоне афроде чун ман лозим буд, ки биҷанганд, назму тартиб барқарор кунанд. Ҳоло назму тартиб ҳаст, эҳтиром, ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷамъият, дар Русия ҳаст. Ман бар ин назарам, ки замони тағйирот дар Ҷумҳурии Чеченистон фаро расид», — гуфт вай.

Дар посух ба суоли ҷонишинаш Қодиров ҷавоб дод, ки «ин дар ихтиёри роҳбарияти давлат, тасмими мардум аст». «Агар аз ман бипурсанд, ки киро мехоҳед — чанд тане ҳастанд, ки сад дарсад метавонанд, масъулияти роҳбариро иҷро кунанд», — гуфт вай.

Қодиров нагуфт, ки баъди канор рафтан аз роҳбарии ҷумҳурӣ ба чӣ кор машғул хоҳад шуд. Баҳори соли 2016 вай бори аввал изҳор дошта буд, ки мехоҳад аз мансаб канор равад. Он замон мегуфт, муҳлати салоҳиятҳояш расман ба охир мерасанд (Қодиров аз соли 2007 ба ин сӯ Чеченистонро ҳамчун президент идора мекунад). Вай ҳамчунин шикоят мекард, ки барои вақтгузаронӣ бо хонаводааш фурсат надорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *