Рамзи Ҷашни байналмилалии Наврӯзро Президент тасдиқ кард

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои соли 2018 рамзи Ҷашни байналмилалии Наврӯзро тасдиқ намуданд.

Рамзи мазкур намуди доирашакл дошта, дар мобайни он кураи замин ва дар атрофаш Парчами миллӣ ва пайки баҳор — суманак, парасту ва рангинкамон бо навиштаҷоти «Наврӯз — 2018» бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ инъикос ёфтааст.

Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, воситаҳои ахбори омма метавонанд аз рамзи Ҷашни байналмилалии Наврӯз – 2018 васеъ истифода намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *