Рамзи давлатдории миллӣ

Доштани Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ аз асоситарин нишонаҳои мавҷудияту соҳибистиқлолии ҳар як давлати соҳибихтиёру мутамаддин ба ҳисоб меравад.

Бояд гуфт, ки парчам дар низоми давлатдории мо мақоми хоса дошта, бори аввал 24-уми ноябри соли 1992 аз Ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Точикистон ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлол ва нишонаи соҳибихтиёрӣ тасдиқ гардид.

Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон бо фармони худ, аз 20-ноябри соли 2009, 24-уми ноябрро Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд. Ба хотири мақому мазалати парчам дар рукни давлатдорӣ Сарвари давлат пояи бунёди манораи бузурги онро пешниҳод намуданд, ки ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт. Дар дувумин солгарди Рӯзи парчами давлатии Тоҷикистон маросими бунёди манораи бузурги парчам оғоз гардида, дар давоми як сол аз ҷониби бинокорон анҷом ёфт.

Дар натиҷа 30 августи соли 2011 бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар пояи 165 метр парафшон гардид. Бешубҳа, қомат афрохтани Парчами миллӣ бо маҷмӯи биноҳои маъмуриву фарҳангӣ пойтахти  давлати соҳибистиқлоламон шаҳри Душанберо ҳусну зебоии тоза бахшид. Дар замири ҳар як фарди ҷомеа тарбия кардан ва таҳкиму тақвият бахшидани ҳисси баланди ватандӯстиву ватандорӣ, худшиносии миллӣ,эхтиром ба арзишҳои маънавӣ ва муқаддасоти миллӣ яке аз омилҳои муҳими пойдории давлати соҳибистиҳлолу мутамаддин  мебошад.

Арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла масъулияти шаҳрвандии ҳар фарди бедордили ҷомеа ва дар айни замон мояи ифтихори ӯ ба ҳисоб меравад. Зеро парчам ҳамчун ифодакунанда ва аёнгари ҳастии давлати соҳибистиклол, рамзи иттиҳоду сарҷамъии мардуми мамлакат ва илҳомбахши кору пайкори фарзандони содиқу вафодори Ватан ба хотири пойдору бегазанд нигоҳ доштани дастовардҳои истиқлолият ва тақвим бахшидани пояҳои давлатдории миллӣ мебошад.

Ф.С. Раҳимов,

Ф. Ҳ. Самадзода

Омӯзгорони кафедраи система ва технологияи иттилоотӣ  дар иќтисодиёти ДДМИТ   

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *