Рамазон Қодиров дастболо гашт

Роҳбари Чеченистони Русия Рамзон Қодиров бинобар натиҷаи пешакии интихобот бо 97 дар сади райъи интихобкунандаҳо дар ин кишвари Қафқози Шимолӣ пешсаф шудааст. Комиссиюни Марказии Интихобот баъди шумурдани 15 дар сади варақаҳои овоздиҳӣ гуфт, ки номзадҳои дигар камтар аз 2 дар сад райъ гирифтаанд. Ин номзадҳо бозраси касбу кор, Идрис Усмонов, намояндаи Ҳизби Коммунист Ғарисолт Батаев, ва Султон Денилхонов аз ҳизби » Русияи Одил» буданд.

Қодирови 39 сола аз моҳи марти соли 2007 сарвари Чеченистон аст. Дар чанд моҳи гузашта бинобар ба поён расидани муҳлати раёсаташ ӯ дар ин мақом ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи раҳбар фаъолият мекард. Фаъолони ҳуқуқ Қодиров ва гурӯҳи шибҳанизомии ӯро ба нақзи ҷиддии ҳуқуқи инсон, бо шумули одамрабоӣ, шиканҷа ва кушторҳои ғайриқонунӣ муттаҳам мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *