Раъно Зоирдухт – Тоҷикистон
Бехабаре буд
Як лаҳзаи дидори ту бар ман хабаре буд,
Оғози тамошои ҷилои саҳаре буд.
Ё раб,чӣ хаёл асту чӣ хобасту чӣ тадбир,
Таслими ту гаштан зи таҳайюр асаре буд.
Маҳви ту чаро гаштаму аз даст бишуд дил,
Савдоӣ магӯ, дарди ту савдои саре буд.
Ман бо чӣ ниёз омадаам бар дари хуршед,
Ў соя барафканд, ки баҳрам самаре буд.
Маъмурии дилро дигар аз мо чӣ ту пурсӣ,
Андӯҳкадаи рози дили хунҷигаре буд.
Ҳар мисраи шеърам бикунад нола ба ёдаш,
Гар дарк накардаст касе, бехабаре буд.
Ҳар шохи гули умр шуда ғарқаи садбарг,
Ин шабнами авроқи гул аз шеъри таре буд.
Раъно, зи суханҳои ту хушҳол шудастам,
Масъуд нашуд ҳар нафаре бебасаре буд.
***
Ишқ
Сирри дил пеши касон гуфтани мо беадабист,
Ҳарфи ҳис кори нигоҳ асту сухан зери лабист.
Ғунчаро майли шукуфоӣ фаро омаду лек,
Арақи шарму ҳаё маънии иффатталабист.
Бе ҳидоят натавон рафт сӯи кишвари ишқ
Ҳодӣ кайфияти шаббу ба маҳтобшабист.
Гар, ки олуда бувад дидаву дил, Каъба марав,
Ақли носолиму андешаи ҳаҷ булаҷабист.
Хайфи эҳсоси вуҷуди туву мову ҳама кас,
Аҷабо, ошиқӣ ҳам пешаи шуҳратталабист.
Натапидем пайи ҷоизаву ҳам чоҳу ҷалол,
Амали хайр савоб аст, на он ҳақталабист.
Мо, ки соҳибқаламу дафтару озодахаёл,
Фари мо фарри каёнист, на фарри арабист.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ