Рашид Раҳимов аз «Терек» рафт

Клуби футболи «Терек»-и Грозний аз Ҷумҳурии Чеченистони Федератсияи Русия баъди анҷоми чемпионат натавонист, ки ба мусобиқоти аврупоӣ роҳ ёбад, аз ин рӯ муҳлати шартномаи кориро бо мураббии тоҷик Рашид Раҳимов дароз накард.

«Терек» дар ин мавсим мусобиқотро дар ҷадвал дар зинаи панҷум ба охир расонд ва як имтиёз аз ҷойи чорум, ки ҳаққи дар Лигаи Аврупо баромад карданро соҳиб аст, камтар дорад.

Рашид Раҳимов гуфтааст, ки аз клуб бо ҳусни тафоҳум ҷудо шудааст. «Мо ҳамаро бо роҳбарияти клуб маслиҳат кардем ва ба хулоса омадем, ки чизи наве зарур аст, то дастаро ба таҳрик орад. Таассуф нест, қаноатмандӣ аз кор ҳаст», — гуфтааст мураббӣ.

Дар идома Раҳимов гуфтааст, ки ҳоло бо президенти Чеченистон Рамзан Қодиров хайрухуш накардааст, аммо боварӣ дорад, дӯстона хоҳад буд. «Ман аз Рамзан Ахматович, ки аз лаҳзаҳои аввал эълон кард, «ин мураббии ман аст, ман ӯро таъин мекунам» хеле миннатдорам. Ба клуб муваффақият мехоҳам ва бозии онҳоро пайгирӣ хоҳам кард», — илова кардааст Раҳимов.

Ин мутахассиси тоҷик гуфтааст, ки алҳол аз ҷое пешниҳоди кор нагирифтааст ва ҳанӯз мушаххас нест, ки дар куҷо ва кай фаъолиятро шурӯъ хоҳад кард.

Президенти Чеченистон Рамзан Қодиров дар саҳифаи инстаграми худ навишт: «… Мехоҳам миннатдории хоси худро ба Рашид Раҳимов, ки сеюним сол сармураббии «Терек» буд ва комёбиҳои назаррас ба даст оварду бозии дастаро ба роҳ монд, баён кунам. Рашид Маҳмадқулович на танҳо мураббии хуб, балки одами боҳунар ва хоксорест, ки сазовори эҳтиром аст…».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *