Рашк сабагори оташзании бозор шуд
Шаби 2 ба 3 январ, тахминан соатҳои 20 ба 21 бозори марказии ноҳияи Панҷро оташ задаанд. Бар асари сӯхтор ҳудуди 10 дӯкони либосу хӯрока ба коми оташ рафта, мақомот як ҷавони тахминан 30-солаи маҳаллиро бо гумони қасдан оташ задани бозор дастгир кардаанд. Аз қавли шоҳидон маълум шуд, ки Азим ном як ҷавон аз Русия баргашта, ҳамсарашро ба хиёнат гумонбар мекунад ва аз сари рашк шабона дӯкони ӯро оташ задааст. Оташ 9 дӯкони ҳамсояро низ ба коми худ кашидааст.Айни замон ҷавон дар боздошт қарор дошта, аз рӯи ин ҳодиса мақомоти милиса ва прокуратураи ноҳия санҷиш мегузаронанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ