Рашт: Бемории сил коҳиш ёфтааст
Бемории сил, аз ҷумлаи беморихои сироятӣ маҳсуб меёбад. Дар муқоиса ба солҳои пешин андешаи мардум перомуни ин беморӣ дигар шуда, аз авлоди набудани бемории сил огаҳ ҳастанд. Аломатҳои беморӣ арақкунии шабона, ҳарорати бадан аз 37,5 градус боло, гум шудани иштиҳо, якбора кам шудани вазни бадан мебошад. Дар айни замон муайян ва ташхиси ин беморӣ тариқи дастгоҳҳои замонавӣ, махсусан, GeneXpert саривақтӣ буда, дар муддати 2:00 то 2:30 дақиқа аз натиҷаи балғам супорида шуда, бемориро муайян мекунад. Ба гайр аз ин, дигар намуди муоина таҳлили МАНТУ, флюография, рентгенография мебошад. Вобаста ба ин мавзӯъ суҳбате доштем бо Қудратулло Қодиров, директори Маркази бемориҳои сили ноҳияи Рашт, ки фишурдааш чунин аст:
Ноҳияи Рашт аз ҷумлаи ноҳияҳои дурдаст ва куҳӣ маҳсуб меёбад.Фаҳмидан мехостем, ки дар муқоиса ба соли 2017 то кадом андоза бемории сил коҳиш ёфтааст?
— Аҳолии ноҳияи Рашт 124 ҳазор буда, Самти асосии фаъолияти мо дарёфт, ташхис ва табобати бемории сил мебошад. Бояд қайд кард, ки сол то сол коҳишёбии беморӣ чашмрас аст. Масалан дар шаш моҳи аввали 2017 ҳамагӣ 56 бемор ба қайд гирифта шуд, ки аз он 50 нафар бори аввал ва 6 нафари дигар хуруҷи такрорӣ мебошад. Ин шумора дар шаш моҳаи соли 2018 ба 51 адад расидааст, ки аз ин шумора бори аввал бақайдгирифташудагон 34 нафар, хуруҷи такрори 5 нафарро ташкил медиҳад.
— Хуруҷи такрорӣ дар кадом ҳолат рух медиҳад ва бештари ба қайд гирифташудагон киҳоянд? Мардҳо, занҳо ё ҷавонон?
-Хуруҷи такрорӣ бештар аз тарафи муҳоҷирони корӣ ба қайд гирифта мешаванд, чунки онҳо табобатро ба анҷом нарасонида, муҳоҷират мекунанд. Хеле таасуфовар аст, сабаби асосии ин муҳлати муайяни табобатро ба ҷо наовардан аст, ки кандашавии табобат ба миён меояд.
— Норасогии мутахассисони силшинос дар ноҳия то кадом андоза ҳалли худро ёфтааст ва барои бартараф кардани ин мушкилӣ чӣ имтиёзҳо вуҷуд дорад?
-Соли 2009 баъди хатми донишгоҳ вақте ба ноҳия баргаштам, ҳамагӣ як нафар, ки устоди ман аст, Шароф Аҳмедов буданд. Ӯ 40 сол собиқаи корӣ дошт ва танҳо дар ин самт фаъолият мекард. Аз соли 2012, баъди ба нафақа рафтани ӯ танҳо кори ин соҳаро пеш мебурдам. Аз соли 2013 аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимият ва ҳамчунин дастгирии лоиҳаи ХОП ва дигар барномаҳо барои омӯзиш ва тайёр кардани мутахассисони соҳа саҳми ногузир доштанд, мутахаасисонро ба чор нафар расонидем. Дар 14 ҷамоати ноҳия кумитаҳои тандурусти фаъолияти бо самар дорад, ки дар он намояндагони тамоми сохторҳои ноҳия аз ҷумла, тандурустӣ, маориф, дин ҷалб карда шуда, барои дарёфт кардани беморӣ аз миёни аҳолии кӯмак мерасонанд. Танҳо дар соли ҷорӣ аз ҳисоби кумитаҳои маҳаллӣ 21 беморони силдошта дарёфт карда шуд. Тибқи меъёрҳои мавҷуда, ба 30 000 аҳолӣ як силшинос рост меояд. Ба шумораи аҳолии ноҳия 5-6 силшинос рост меояд. Ҳукумати ноҳия тасмим гирифтааст, ки барои ҷалби мутахассисони ҷавон замин дода мешавад, масалан худи маро барои силшинос буданам замин доданд.
-Чанд дастгоҳи муайянкунандаи бемории сил дар ноҳия фаъолият мекунад?
-Айни ҳол як дастгоҳ, ки GeneXpert ном дорад, мавҷуд аст. Ҳамчунин бо дастгирии Дарҳои кушод, ки дар онҷо чанд ташхисро дар байни ҳам занон ва ҳам мардон ба роҳ мондаем, инчунин корҳои фаҳмондадиҳӣ гузронида мешавад.
-Гуфта метавонед, барои дарёфти бемории сил саҳми кӯмаки аввалияи санитарии чанд фоизро ташкил медиҳад ва дар маҷмӯъ фаъолияти онҳоро назаррас меҳисобед?
-Албатта, саҳми кӯмаки аввалияти тиббӣ назаррас мебошад, чунки тақрибан 50 – 60 фоизи дарёфти беморонро дар бар мегирад. Дар баробари ин, барои ташхис ва табобати бемории мазкур кӯмаки худро мерасонад. Аслан барои пайдо кардани беморони сил , саҳми чанд марказҳои тиббиро гуфтан зарур меояд. Зеро мо тавонистаем, ки дар якҷоягӣ роҳи ҳалли онро пайдо намоем.
-То ҷое огаҳ ҳастем, ба беморони силдошта кӯмаки иҷтимоӣ расонида мешавад ва дар аз моҳи апрел чанд фоиз боло бардошта шуд. Ҳадафи ин дастгирӣ дар чист ва оё ҳар моҳ онҳо маблағи ҷудо шударо дастрас мекунанд?
-То моҳи декабри соли 2017 беморони шакли мутобиқгашта, 241 сомонӣ ба кордҳои беморон гузаронида мешуд. Танҳо бемороне, ки аз соли моҳи апрели соли 2018 ба қайд гирифта мешаванд, 291 кӯмаки иҷтимоӣ расонида мешавад, ки он барои наканди табобат мебошад. Ҳамчунин, соли 2014 аз тарафи аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт қарор қабул карда шуд, ки ҳамаи беморони сил то ба охир расидани табобаташон аз супоридани маблағҳои хизматрасонаҳои коммуналӣ, андози замин, пули барқ имтиёз дода шудааст. Дар моҳи Рамазон 100 бемори силдоштаро бо маҳсулоти ниёзи аввалия, орд, равган, шакар таъмин карданд.
Суҳбаторо Маҳинаи Давлат
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ