Расмҳои президентро дар Туркманистон нав мекунанд

Дар вилояти Марии Туркманистон ба тамоми муассисаву корхонаҳои давлатӣ амр шудааст, ки расмҳои овезони президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро нав кунанд.

Ба гуфтаи хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, мақомот дар шарҳи ин амр гуфтаанд, ранги мӯйи Бердимуҳаммадов тағйир ёфтааст ва расмҳо низ бояд иваз карда шаванд.

Президенти Туркманистон, ки ҳамарӯза тавассути телевизионҳои ин кишвар нишон дода мешавад, моҳи августи соли 2018 ногаҳон имиҷи худро тағйир дода, бо мӯйҳои хокистарӣ дар мазҳари ом ҳозир шуд. То ин дам ӯро дар тамоми аксу наворҳои расонаҳои давлатии Туркманистон бо мӯйҳои сиёҳ нишон медоданд.

«Масъулони муассисаву корхонаҳои давлатии Мариро таҳдид кардаанд, ки агар расмҳоро иваз накунанд ҷаримаи ҳангуфт ё аз ҷои кор маҳрум хоҳанд шуд», — иттилоъ дод хабарнигор.

Ин амр норозигии кормандони «буҷавӣ»-и вилояти Мариро ба бор овардааст. «Президент ҳар моҳ имиҷи худро иваз мекунад ва ҳар бор аз мо талаб мешавад, ки расмҳои ӯро нав кунем», — гуфт як ҳамсуҳбати мо.

Расмҳои президенти Туркманистон бо имиҷи нав аз 10 то 100 манат фурӯхта мешаванд. Барои дар чорчӯби мавриди назар гирифтани он бояд аз 50 то 200 манат пардохт кард.

Ҳамин тариқ гаронтарин расми президенти Туркманистон 300 манат ва бо қурби расмӣ 85 доллари амрикоӣ хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *