Расмӣ: 19 кушта ва 87 захмӣ аз Тоҷикистон дар муноқишаи марзӣ бо Қирғизистон

Мақомоти Тоҷикистон шумораи ҳалокшудагон ва захмишудагони даргириҳои чанд рӯз пешро, ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон эълон кард.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, дар ин муноқишаҳо аз ҷониби Тоҷикистон 19 нафар ба ҳалокат расида, 87 кас захмӣ шудаанд.

Бинобар иттилои ҳукумати вилояти Суғд  дар умум ба оилаҳои ҳалокшудагону захмиён аз тарафи ҳукумат 3 миллион сомонӣ кумак шудааст.

Бояд гуфт, ки фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ низ барои ҷамъ овардани ёрӣ ба осебдидагони муноқишаи ахир дар минтақаҳои наздисарҳадӣ бо Қирғизистон даст ба кор шудаанд.

Рӯйхати расмии онҳое, ки дар ин муноқишаҳо ҷон бохтанд:

Бахтовар Маҳмудов, сокини ҷамоати деҳоти Сурхи Исфара;

Собир Ваҳҳобов, сокини ҷамоати Чоркӯҳ;

Манучеҳр Қаландаров, сокини ҷамоати Чоркӯҳ;

Ҳакимбой Ниёзов, сокини ҷамоати Чоркӯҳ;

Нусратулло Набиев, сокини ҷамоати Чоркӯҳ;

Ҳасанхон Шаропов, сокини ҷамоати Чоркӯҳ;

Далер Эшонов, сокини ҷамоати Чоркӯҳ;

Иброҳим Ҳошимзода, сокини ҷамоати Чоркӯҳ;

Ҳикматуллоҳ Маҳкамов, сокини ҷамоати Чоркӯҳ;

Меҳрафрӯз Болтаев, сокини ҷамоати Ворух;

Нозим Каримов, сокини шаҳри Конибодом;

Умедҷон Юсупов, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров;

Ҷасур Сиярқулов, сокини ноҳияи Деваштич;

Сафархӯҷа Ҳасанов, сокини ноҳияи Фархор;

Аслиддин Абдузамонов, сокини ноҳияи Нуробод;

Абдулло Саидов, сокини ноҳияи Нуробод;

Некрӯз Ғафурзода, сокини шаҳри Турсунзода;

Салоҳиддин Гадоев, сокини ноҳияи Ховалинг;

Маҳмадулло Раҷабзода, сокини ноҳияи Муъминобод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *