Расман: Дар Тоҷикистон ягон мубтало ба коронавирус нест

Намояндаи расмии Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Тоҷикистон Галина Перфилева тасдиқ намуд, ки маризии коронавирус дар ин давлат комилан ба қайд гирифта нашудааст. Хабар медиҳад сомонаи sputnik-tj.com

Номбурда дар баробари тасдиқ кардани набуди коронавирус дар Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ даъват ба амал овард, ки қоидаҳои гигиениро риоя намуда, аз баргузорӣ ва ҳузур дар чорабиниҳои оммавӣ худдорӣ кунанд.

«То ба имрӯз, тибқи омори расмӣ ва маълумоти СҶБ, ки бо ташхисгоҳи асосии ин маризӣ дар ҳамкории зич қарор дорем, расман тасдиқ мекунем, ки дар Тоҷикистон ҳоло ягона нишонаи ин маризӣ ба қайд гирифта нашудааст», — афзудааст Галина Перфилева.

Ба изҳори Галина, алъон тамоми дунё бо ин маризии даҳшатбор дар мубориза қарор дорад ва кам андар кам давлатҳое мондаанд, ки ин беморӣ ба он ҷо нарасидааст.

Зимнан, намояндаи ин созмон дар Тоҷикистон тасдиқ намуд, ки ҳудуди 700 ташхиси коронавирусро дар Тоҷикистон гузаронданд, ки натоиҷи ҳамаи ташхисҳо манфӣ баромад.

Ёдовар мешавем, ки Вазорати тандурустӣ низ иттилоъ дод, ки то санаи 1 — уми апрел дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *