Оғози моҳи Рамазон ва фитру закот расман маълум шуд

Чанд лаҳза пеш дар ҷаласаи аъзои Шӯрои уламои Маркази исломии ҷумҳурӣ санаи дақиқи оғози моҳи шарифи Рамазон маълум шуд.

Ба иттилои Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон дар кишвар моҳи шарифи Рамазон рӯзи 2-юми апрел оғоз меёбад.

Ҳамин тавр, фитри рӯза барои як нафар 7 сомонӣ (ба ҳисоби гандум) ва 80 сомонӣ (ба ҳисоби мавиз барои шахсони нисбатан доро) муайян шудааст.

Инчунин, нисоби закот 35 000 сомонӣ гуфта шуд, ки аз ин маблағ 875 сомонӣ закот пардохт мешавад.

Фидяи савм барои соҳибони узри шаръӣ бошад, ба миқдори 420 сомонӣ барои 30 рӯз муайян шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *