Расонидани ҷароҳати вазнин
ВКД дар сомонааш имрӯз – 1 март иттилоъ додаст, ки дар шаҳри Исфара ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ марди 28-солаи сокини ин шаҳр дастгир карда шудааст.
Гумонбаршуда, 28-уми феврали соли 2017, тахминан соати 16.00 дақиқа, дар ҷамоати деҳоти Навгилеми Исфара бо марди 36-солаи сокини ҷамоати деҳоти мазкур бе ягон асос ҷангу ҷанҷол карда, бо корд як маротиба ба тарафи чапи шикамаш мезанад ва аз ҷои ҳодиса фирор мекунад. Дар натиҷа марди ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст. Далели шайъӣ — корд гирифта шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ