Равған: талабот 60 000 –истеҳсол 10 000
Талаботи солонаи аҳолии Тоҷикистон ба истеъмоли равғани растанӣ 60 ҳазор тонна мебошад, аммо истеҳсоли он дар соли 2016 ҳамагӣ 10 000 тоннаро ташкил додааст.
Ин нукта дар нишасти матбуотӣ, ки имрӯз, 25 январ баргузор гардид, вобаста ба саволи хабарнигори «Тоҷикистон» аз забони Шавкат Бобозода, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон садо дод. Тибқи иттилои Бобозода, ҳоло дар Тоҷикистон ҳудуди 73 корхонаи истеҳсоли равғанбарорӣ фаъолият доранд, аммо талаботи аҳолиро пурра бо равғани худӣ таъмин карда наметавонанд. Бинобар ин, Тоҷикистон дар масъалаи воридоти равған бештар вобастаи кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Эрон, Қазоқистон, Россия, Арабистони Саудӣ мебошад.
Тафсилоти бештари мавзуъ дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ