Равобити байналмилалии Маркази исломшиносӣ вусъат меёбад

Маркази исломшиносӣ ба теъдоди 176 китобу маҷмӯа ва брошураҳо, 1119 саҳифа варақаи таблиғотӣ, сабти 136 адад фита, 1 планшет ва 7 телефони мобилӣ, 11 адад хотираи беруна (флешка), 3 адад диски сахти пешниҳодшударо мавриди ташхис қарор дод. Зимни нишасти матбуотӣ директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода ба рӯзноманигорони ВАО чунин иброз намуд.

Инчунин зикр шуд, ки равобити байналмилалии Маркази исломшиносӣ 22 феврали соли 2018 бо Маркази муколамаи адёни давлати Қатар Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид. Тавре зикр гардид, лоиҳаи Ёддошти тафоҳум бо Маркази иттилоот ва омӯзишҳои русӣ-арабӣ (ШАС) ҷиҳати баррасӣ ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ар-Риёз ирсол шуд. Инчунин, маркази исломшиносӣ бо Инситути «Инъикоси сулҳ ва ҷанг»( IWPR) Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида, дар самти баланд бардоштани сатҳи касбии рӯзноманигорон ва ходимони дин дар Тоҷикистон тренингҳо баргузор шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *