Равшан Шоҳинов. Рэпсарое, ки 400.000 обуначӣ дорад

Равшан Шоҳинов, ки миёни ҳаводорони рэп бо тахаллуси Leo маъруф аст, аз насли нави рэпсароёни тоҷик аст, ки услуби махсуси худро дорад. Ҳарчанд, ки ӯ миёни мардум дертар шинохта шуд, аммо ҳоло ба боварӣ метавон гуфт, ки баробари рэпсароёни маъруфе чун Сиёвуш Қурбонов, Диловар Андалибов, Ҳабиб Абдуллоев ва дигарон маҳбубият дорад.

Албатта, Равшан Шоҳиновро мардум бо рэпҳои “Соҳил”, “Ошиқат шудам”, “Дарё”, “Сарнавишт”, “Ҳамсоя” ва “Нафас” мешиносанд. Дар фазои маҷозӣ, махсусан, Ютуб рэпҳои мазкурро миллионҳо маротиба гӯш кардаанд. Ин рэпҳо намоҳанг надоранд, аммо шунавандаи хеле зиёд доранд. Барои мисол, рэпи “Соҳил” 14 миллион маротиба шунида шудааст. Рэпи “Ҳамсоя” бошад, то ин дам зиёда аз 17 миллион бор аз ҷониби корбарони шабакаи Ютуб гӯш карда шудааст. Ин рақамҳо барои мо, ки аҳолиамон зиёда аз 10 миллион нафар аст, рекордӣ ҳастанд ва ҳар кас чунин нишондиҳанда дошта наметавонад. Рақамҳои мазкурро мо танҳо дар саҳифаи расмии Равшан дидем, агар дигар саҳифаҳоро, ки рэпҳо гузошта мешаванд, ба ҳисоб гирем, пас рақамҳоро даҳчанд метавон зиёд кард.

Таваҷҷуҳи зиёд ва ба қавле “просмотр”-и бисёр доштани рэпҳои Равшан, маъноеро дорад, ки ӯ ҳоло ҳам машҳур ва ҳам маҳбуб аст.

Ҳамчунин, бояд ёдовар шуд, ки дар ҳоли ҳозир саҳифаҳои Равшан Шоҳинов дар Ютуб ва Инстаграм хеле хуб фаъоланд. Ӯ дар Инстаграм зиёда аз 400 ҳазор ва дар Ютуб бештар аз 140 ҳазор обуначӣ дорад.

Акнун, мегӯем, ки қаҳрамони мо – Равшан Шоҳинов пеш аз машҳуршавӣ чӣ гуна буд ва умуман чӣ хел машҳур шуд?

Номбурда пеш аз машҳуршавиаш низ рэп мехонд, аммо бо услуби дигар. Аз вақте ки рэпхониро бо услуби махсус, яъне ба суруд монанд оғоз кард, миёни мардум хеле зуд шинохта шуд. Асосан, бояд бигӯем, ки Равшанро рэпи “Соҳил” ба мардум шиносонд. “Соҳил”-ро бо рэпсарои машҳур Ҳабиб Абдуллоев хондааст, ки воқеан ҳам шунавандаи зиёд дошт ва муҳимтар аз ҳама онро мухлисони ин ду рэпсаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ то андозае тарғиб карданд, ки чанд моҳи аввал аз ҳама рэпи пуршунавандаи тоҷикӣ буд. Ҳоло порчаҳои рэпи нави Равшан бо номи “Гули ман” дар шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезананд, ки умедворем рӯзҳои наздик манзури ҳаводоронаш мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *