Райҳона Раҳимова: «ППС-и Хуҷандро ба догоҳ мекашам!»

Ба таваҷҷуҳи Юсуф Раҳмон, Прокуратураи генералии  Ҷумҳурии Тоҷикистон

Райҳона Раҳимова:

БДА-и  Хуҷандро ба додгоҳ мекашам!

-Аз кай боз душанбегиҳои… қонундон шудаанд? — гӯён маро соати 11-и шаб дар роҳ бе ягон огоҳӣ дошта, таҳқир намуданд,- мегӯяд бо дидагони ашкбор сарояндаи маъруф Райҳона Раҳимова.

Райҳона Раҳимова субҳи имрӯз бо хабарнигори ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ва сомонаи Tojikistontimes.tj. дар тамос шуда, хоҳиш намуд, то арзашро пурра рӯйи коғаз орем:

— Салом ба хонандагони «Тоҷикистон» ва сомонаи  Tojikistontimes.tj. Ман сарояндаи тоҷик Раҳимова Райҳона Ғуломҷоновна, имрӯз бори нахуст маҷбур шудам, ки барои дифои ҳуқуқи хеш, аз ҳама асосаш ҳимояи шаъну шараф ва номам аз журналистон кумак хоҳам ва умед дорам, ки ин арзи ман масъулинро дар канор намегузорад.

  1-уми апрели соли равон  ман аз тарабхона, баъди баргузории ҷашни мавлуди ҳунарпеша Гулбаҳор Ғаффорова дар шоҳроҳи Ғафуров- Хуҷанд дар дохили мошини шахсиям, тамғаи «Тойота- Ярис» дар нишастгоҳи пеши он мунтазири дӯстонам истода будам, ки ногоҳ касе шишаи мошинамро тақ-тақ кард. Шишаро поён кардам, бидуни салому алейк марде бо либосҳои маъмулӣ аз ман тамоми ҳуҷҷатҳоямро (?) пурсид. Ман, ки худ замоне дар ансанбли «Сипар»-и ВКД Тоҷикистон кор мекардам ва  аз ҳуқуқҳои хеш бархӯрдор будам, хуб дарк кардам, ки ин рафтори ӯ ғайриқонунист.  Бинобар  ин, аз ин  рафтори шахси ношинос ба ғазаб омада гуфтам:

— Худи шумо кӣ ҳастед, ки аз ман ҳуҷҷат мепурсед? Мувофиқи қонун шумо сараввал бояд худро шинос намоед!

Акнун ҷавоби ӯро  шунавед ва ҳолати онвақтаи маро тасаввур кунед:

— Эҳҳе, аз кай боз душанбегии … қонундон шудааст?!

Ман ба ғазаб омада гуфтам:

— Аввал ин ки ту ҳуқуқ надорӣ, бо зан  чунин муомила намоӣ. Баъд,  кадом душанбегӣ пишакатро пишт гуфт, ки  нисбати мо- душанбегиҳо кина гирифтаӣ?!

Баъди ин гапи ман ӯ ба сарам мисли он ки террорист бошам, як баталион кормандони  БДА-ро оварду дар пеши онҳо маро паст задан гирифт:

— Ана бинетон, ин артисти душанбегия ба фармон итоат намекунад, қонуна вайрон кардагеш майлӣ, боз дар ҳолати мастӣ қарор дорад.

Ана акнун сар шуд, «киноужас»-и бепул. Онҳо ғайриқонунӣ бидуни иҷозаи ман дар телефони дастияшон мисли «пиратҳое, ки дуздӣ консертҳоро сабт мекунанд, маро сабт кардан гирифтанд. (Баъдан ба дугонаам гуфтаанд, ки агар Райҳона ба ягон ҷо шикоят кунад, мо «скритый камера» катӣ  сабт кардагӣ ҳамаша). Бидуни иҷоза  маро дар дохили мошин ба нишастгоҳи дигар тела дода, мисли дузд мошинамро бидуни ягон протокол кофтуков намуда, онро ба партовхонаи ҷӯгӣ табдил доданд. Баъди он ки диданд, ман  сар намефарорам, хостанд ба «компромисс» раванд, бинобар ин гуфтанд:

— Хайр артист-хонум 300 тиеду равед,  шумоба ҷавоб.

Кошкӣ ҳамон вақт пулро медодаму аз қафоям туҳмат намекарданд. Ба ҷои ин  гуфтам, ки ман чӣ гуноҳ кардам, ки 300 сомонӣ медодаам?

— Ҳоло ҳамин хел-мӣ? Хай ҳози мерем, протокол мекунем, «по польный программа» 3000 сомонӣ ҷарима месупорӣ, боз ягон сол аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум ҳам мешавӣ. Ва ҳамин хел ҳам карданд.  Сари чанбараки мошини ман нишаста, бо суръати баланд чапу рост мошинро рондан гирифтанду билохира ба шуъбаи наркологии шаҳри Хуҷанд расиданд. (Онҳо ба фикрам махсус мошини маро каҷу килеб ҳай карданд, ки тарзи ҳайкунияшонро ба навор гирифта, «исбот» кунанд, ки ман воқеан ҳам маст будаам).

Соати 24-и шаб буд.  Корманди шуъбаи наркологиро ҷеғ заданд. Ӯ маро дидан замон ба «ҳомиёни ҳуқуқ» гуфт, ки «Чаро ин занро ба назди ман овардед, охир ин зан комилан ҳушёр аст». Ман кӯдаки 1,5-солаи ширмак дорам, бояд ҳар  3 соат ба ӯ шири сина диҳам. О, кадом зани солимақли кӯдаки ширмакдошта машрубот менӯшад?! Болои ин,  ҳамон шаб кӯдакам бемор шуда, инҷиқӣ карда истода буд. Ба ман дам ба дам аз хона занг мезаданд, ки биё кӯдак гиря дорад.

  Аммо  ин кормандони БДА разолаташонро идома дода, ғайриқонунӣ телефони маро гирифта, ба дохили идораашон рафтанд. Ман аз пасашон фарёд кардам, ки телефонамро баргардонед, охир кӯдакам нотоб шуда истодааст, ба ман аз хона занг зада истодаанд, онҳо заҳрханда карда, гуфтанд: «Телефон даркор-мӣ дохили бино даро!»

Ман ноилоҷ аз пасашон даромадам. Он ҷо бошад, маро таҳқирҳои навбатӣ мунтазир буд:

—  Ҳа, аз вечиринка- днюха омадед-мӣ, кайфо сад-а…

Асабам вайрон шуду ба сарашон дод задам:

— Шумо ягон зарра шарафи мардӣ доред? Ақлу тамиз гуфтанӣ чизро медонед. Шуморо ҳамин хел одоб ёд додаанд, ки бо зан чунин рафтор кунед? Ман кӯдаки ширмак дорам,  машрубот наменӯшам!

Ин ҳоло оғози намоиш будааст, баъд сар шуд:

-Канӣ хонуми артистка  ҳамин кулокба чуқур нафас кашида, пуф кунетон-чӣ,  маст-мӣ ё ҳушёр?

Бовар кунед, ҳатто дар маҳбас маҳбусонро чунин истеҳзою таҳқир намекунанд. Аз хона дам ба дам занг мезаданд, паёмак мефиристоданд, ки писарам ҳолаш бад шуда истодааст,  агар касе модар бошад, дарди онлаҳзаинаи маро  хуб ҳис мекунад.  Ман он лаҳза ҷигарам барои фарзандам пора-пора мешуд. Хулоса, меҳри модарӣ боло гирифту гуфтам:

— Эҳ, ҳамаи шуморо Худо занад, ки як модари фарзандаш интизорро  чунин таҳқир мекунед! Агар шавҳарам ин ҷо мебуд, шумо ба гуфти худатон «по польная программа» дар назди қонун ҷавоб мегуфтед, афсӯс ки айни замон дар хориҷ аст. Шумо маро муштипари танҳо ёфта, мисли террорист бо ман муомила доред. Биёред, ҳамаи ҳуҷчатҳоятонро ман имзо мемонам, зеро дигар тоқати эҳсос намудани дарди ҷонкоҳи фарзандамро надорам…Мароӣ ҷавоб диҳед…

Онҳо бошад қоҳ-қоҳ хандида, «ҳай хонум Райҳона, нависетон, ки ман маст будам, як рюмка коняг задагем». Гуфтам, ки «Ман боз ба шумо мефаҳмонам, ман кӯдаки ширмак дорам, машрубот наменӯшам».

— Хай ҳамту- мӣ. Ага не, нависед, ки як бокали калон пиво нӯшидам, сарам чарх засодаст.

Боз ҳам ғазаболудтар шуда гуфтам:

— Шумо девона-ку нашудаед?!

— Хай набошад, то саҳара меҳмони мо шавед.

Бовар кунед, баъди чунин муносибати  «мард»-ҳои Хуҷанд ман аввалин бор аз ҳамдиёри ин нафарон буданам  ор кардам. Ман аввалин бор ба  кирдори Кирдигор шак овардам, ки чаро дар шарёни ман хуни хуҷандиро ҷорӣ намудӣ.

Алқисса, ба хотири зудтар ба назди писарам расидан ба кулли ҳуҷҷатҳои онҳо имзо карда, ба хона омадам. Баробари дидани фарзандам ҳуш аз сарам парид:  ӯ аз гиря каб-кабуд шудааст. Худро дошта натавониста, баробари фарзандам инони гиряро сар додам. Модару хоҳари бечораам ҳайрон буданд, ки кадоми моро ором кунанд.

Акнун худатон бинед, баъди ин қадар истинтоқ боз маро туҳмат кардаанд,  ки ман маст будаам, мане, ки кӯдаки ширмак дорам. Аммо ман дар назди онҳо сар хам накарда, худам ҳуҷҷатҳои ронандагиямро супоридам ва мошинамро ба номи хоҳарам гузаронидам. Онҳо бошанд, ба ҳамин қадар таҳқири мани муштипар ором нашуда, боз ба таъқиби хоҳарам пардохтанд.

Тақрибан як ҳафта пеш ӯро дар роҳ боздошта, барои надоштани «техосмотр» протокол карданд. Се рӯз пеш боз дошта, таҳдиди «протокол» карданро намудаанд. Хоҳарам ҳайрон шуда, пурсидааст, ки «Охир як ҳафта пеш маро протокол кардед, боз чаро протокол мекунед? «Гаишник» гуфтааст, ки «хайр ин дафъа шавҳаратро протокол мекунем». Хоҳарам бештар ҳайрон шуда гуфтааст:

— Охир мошин якто аст, шумо дар асоси кадом қонун дар як мошин ду касро протокол мекунед?

Ин дафъа нозир розро пинҳон дошта натавониста гуфтааст: хоҳед, ки дигар шуморо манъ накунад, рақаматонро иваз намоед. Чунки ин рақами апаатон Райҳона аст ва ӯ гапаш бо ГАИ гурехтаасту рақамҳояшро дар «черный списка» партофтаанд.

Ана, акнун ёбеду гиред! Ман  ягон террористи байналмиллалӣ ҳастам ё хоини миллат, ки ГАИ-и муҳтарами шаҳри овозадори Хуҷанд рақамҳои маро дар «черный список» мепартофтааст?!

Айни замон, ман тамоми ҳуҷҷатҳоро тайёр намуда, барои ба суд додан тайёрӣ дида истодам. Мақсади ба шумо муроҷиат намуданам, ҳимоя намудани шаъну шарафи зан-модар буданам аст. Итминон дорам, ки ҳодисаи ба сари ман омада, хонандагони ин рӯзномаи бонуфузро дар канор намегузораду дар ин роҳ маро кумак мекунанд».

P.S. «Тоҷикистон» сари ин масъала хулосаи сохторҳои масъулро интизор аст ва онро ҳатман нашр хоҳад кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

7 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *