«Разбор»-тоҷикон ба тирпаронӣ анҷомид

Шаби 2 ба 3 январ дар шаҳри Пушкинои вилояти Маскав байни як гурӯҳи бузурги тоҷикҳо ва зодагони Озарбойҷону Доғистон занозании шадида ба вуқӯъ пайваста, ҳатто ба тирпарронӣ печидааст. Як соҳибкори тоҷик дар Пушкино аз рэкети қафқозиҳо ба ҷон омада, ҳамватанҳои худро аз шаҳрҳои дигар ба кумак даъват кардааст.

Тасфияҳисоб (разбор)- и байни тоҷикҳо ва зодагони Озарбойҷону Доғистон дар шаҳри Пушкинои вилояти Маскав шаби 2 ба 3 январ ба занозании шадид ва ҳатто тирпарронӣ печид.

Як манбаи мегӯяд, як соҳибкори тоҷик, ки дар Пушкино тарабхона ва нуқтаҳои мошиншӯӣ дошт, аз рэкету «ҳақ”-ситонии ҷинояткорони зодаи Озарбойҷону Доғистон ба ҷон омада, ҳамватанҳои худро ба кумак хостааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, шаби 2 январ тоҷикҳо аз шаҳри Маскаву минтақаҳои дигари вилояти Маскав ва ҳатто аз Тверу Санкт-Петербург савори мошин ба Пушкино омаданд, то бо озариҳову доғистониҳо «разбор” кунанд.

Аммо баҳси онҳо ибтидо ба занозанӣ ва дар ниҳоят ҳатто ба тирпарронӣ печидааст.

Дар видеое, ки як шоҳиди ин тасфияҳисоб аз Пушкино ба хабарнигорон фиристод, дида мешавад, ки корвони мошинҳо ба ҷои тасфияҳисоб ҷамъ мешаванд ва издиҳом дар канори як тарабхонаи канори шоҳроҳ бо ҳам бо садои баланд ва шӯру ғавғо бигӯ-бигӯ доранд. Дар видео садои як нафар ба забони тоҷикӣ ҳам шунида мешавад, ки мегӯяд: «Назанед, ҳей, назанед!”

Дар як ҷои дигари видеои садои як нафари дигар ба забони тоҷикӣ шунида мешавад, ки мегӯяд, «нав паррон-паррон шуд.”

Пулиси Русия ҳанӯз дар бораи занозанӣ дар Пушкино хабаре нашр накардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *