Разведкаи ҳарбӣ дар дохили кишвар террористонро саркӯб мекунад

Парлумони Тоҷикистон ба фаъолияти разведкаи ҳарбӣ алайҳи гурӯҳҳои террористу тундрав дар дохили Тоҷикистон мувофиқат кард.

Парлумони Тоҷикистон ба фаъолияти разведкаи ҳарбӣ алайҳи гурӯҳҳои террористу тундрав дар дохили Тоҷикистон  мувофиқат кард.

Дар ин хусус рӯзи 29 май дар иҷлосияи парлумон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи разведкаи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” тағйирот ворид гардид.

Қаблан тибқи ин санади ҳуқуқӣ, разведкаи ҳарбӣ танҳо дар хориҷ аз марзҳои Тоҷикистон фаъолият мекард.

Эмомалӣ Собирзода, муовини аввали вазири мудофиа ва сардори Ситоди кулли Артиши Тоҷикистон зимни шарҳи зарурати ин тағйирот ба қонун ба сомонаи Tajikistan times  гуфт, “ҳадафи аслӣ мубориза алайҳи ячейкаҳои хуфтаи террористон дар дохили Тоҷикистон аст, ки метавонанд дар ҳар лаҳза ба амнияти мамлакат таҳдид кунанд”.

Ба гуфтаи вай, дар ин ҳолат неруҳои разведкаи ҳарбӣ бар зидди гурӯҳҳои террористу тундрав аз силоҳ ва техникаи ҳарбӣ истифода хоҳанд кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *