Раззоқов ҳаргиз ҷосус набуд

Бо талаби парлумони Қирғизистон хадамоти махсуси кишвар ба таҳқиқи хабарҳо дар атрофи исми Ҷениш Разоқов шурӯъ карданд. Роҳат Сулаймонов, намояндаи расмии КДАМ-и Қирғизистон гуфтааст, ки “таҳқиқ шурӯъ шуд”

Бо талаби  парлумони Қирғизистон хадамоти махсуси кишвар ба таҳқиқи хабарҳо дар атрофи исми Ҷениш Разоқов шурӯъ карданд. Роҳат Сулаймонов, намояндаи расмии КДАМ-и Қирғизистон гуфтааст, ки “таҳқиқ шурӯъ шуд” ва “дар бораи натиҷаҳои он маълумоти иловагӣ нашр мешавад”. Вакилони парлумони Қирғизистон зикр кардаанд, ки гуё “гумоштаи Тоҷикистон” будани Ҷениш Разоқовро аз навиштаҳои васоити ахбори Тоҷикистон дарёфт кардаанд. Матбуоти қирғизӣ навишт, ки соли 2016 вебсайти e-tadjikistan.org иддао карда буд, ки гӯё Разоқов замони раҳбари вилояти Ботканд буданаш дар солҳои 2010 “бар ивази пули калон ба ҷониби Тоҷикистон маълумоти ҷосусӣ медод”. Вале феълан чунин вебсайт дар интернет вуҷуд надорад. Худи Разоқов дар вокунишаш ин иттиҳомотро бепояву асос хонда рад кард.“Ин иттиҳомоти бепояву асос аст”, — гуфт ӯ ,-“Кадом ҷосус? Чӣ хел? Агар ман ҷосус мешудам, сохторҳои марбута кайҳо инро фош мекарданд. Ман панҷ сол дар мақоми раиси вилоят кор кардаам, бисёр муваффақиятҳо даст дод. Ин овозаҳоро ҳасудхӯрону душманон паҳн мекунанд”.Дафтари матбуоти ҳукумати Қирғизистон ҳам рӯзи 25 март бо пахши изҳороте гуфт, ки ин иттиҳомот “бепояву асос ва дурӯғ” буда, “хусусияти таҳрикомез” дорад. Таҳқиқи иттиҳомоти зидди Разоқов дар паи ҷаласаи рӯзи 20 марти парлумони Қирғизистон шурӯъ шудааст, ки дар он гузориши ҳукумат дар бораи музокироти панҷрӯзаи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба муноқиша дар марзи ду кишвар шунида шуд.Дар муноқишае, ки рӯзҳои 13 ва 14 март дар минтақаи марзӣ рух дод, ду шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва беш аз 20 нафар, аз ҷумла се шаҳрванди Қирғизистон маҷрӯҳ шуданд. Сабаби муноқиша – мухолифати сокинони деҳоти тоҷикнишин ба сохтмони роҳе дар қитъаи марзии Кӯктош-Оқсой-Тамдиқ буд.Дар паи музокираи ҳайатҳо ба раҳбарии муовинони нахуствазирони Тоҷикистону Қирғизистон – Азим Иброҳим ва Ҷениш Раззоқов, рӯзи 18 март дар протоколи муштарак гуфта шуд, ки ҷониби Қирғизистон ба бунёди қитъаи роҳи моҷаробарангези Оқсой-Тамдиқ идома медиҳад ва дар баробари он ба сокинони Тоҷикистон иҷоза мешавад, дар 2-километрии ҷанубтари ин қаламрав дар қитъаи роҳи Ворух-Сомониён-Исфара роҳи худро бисозанд.Илова ба ин, қарор шуд, ки аз ҳисоби ходимони милисаи ду кишвар патрули муштарак созмон дода шавад, то ки ин гурӯҳҳо таъмини амниятро дар марз назорат кунанд. Посгоҳҳои марзӣ аз ин макон бардошта мешаванд. Инчунин ҷонибҳо дар нисбати ҳодисаҳои рухдода дар марз 7 парвандаи ҷиноӣ, аз ҷумла аз рӯи моддаи “куштор” боз карда, тафтиши муштаракро ба роҳ монданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *