Реактори ядроӣ дар Тоҷикистон ба кор медарояд
Ин ҳангома нест, воқеиятест, ки дар сӯҳбат бо мо яке аз муаллифони реактори илмӣ-таҳқиқотии маҳлулии ядроии «Аргус», мудири озмоишгоҳи Пажўҳишгоҳи Курчатови Федератсияи Россия Павшук Владимир Александрович нақл кард. Дар чуқурии 8 метр, бо девори ғафсиаш 3 метра, реактори илмӣ-таҳқиқотии маҳлулии ядроии «Аргус» шурӯъ мегардад. «Аргус» дуюмин реактори маҳлулии чунин намуд дар ҷаҳон аст, ки баъди барқарорсозӣ ба фаъолият шуруъ менамояд
Реактори якум дар куҷост? – мепурсам аз Владимир Александрович
Дар Институти ба номи Курчатови шаҳри Маскав. Соли 1963 дар ҳаёти Иттиҳоди Шӯравӣ дигаргунии куллӣ ба миён омад. Ба хотири ба эътидол овардани вазъи сиёсии ҷаҳон ба озмоишҳои яроқи ҳастаӣ моратория эълон карда шуд. Он вақт фаъолияти ман марбут ба муҳаррики ракетаҳои ҳастаӣ буд. Чун ман олимони зиёди дигар низ самти фаъолияти худро дигар карданд. «Аргус» аз ҷумлаи тадқиқотҳое буданд, ки машғули он гаштам.
«Аргус» чӣ дастгоҳест ва барои чӣ пешбинӣ шудааст?
«Аргус» реактори ҳастаӣ мебошад ва ду намуд дорад. Яке импулсӣ ва дигаре статсионарӣ. Статсионарӣ замони шӯравӣ ҳамагӣ ду дона истеҳсол шуда буд. Аввалӣ солҳои ҳафтодуми асри гузашта дар Институти ба номи Курчатов насб карда шуда буд. Ибтидо кори он вобаста ба озмоишҳои ҳаставии низомӣ буд. Шурӯъ аз солҳои ҳаштод дар соҳаи ғайриҳарбӣ мавриди истифода қарор гирифт. Он вақт тасмим гирифта шуд, ки реактори дуюм ба Институти физикаи техникии ба номи С.У.Умарови АИ Тоҷикистон фиристода шавад.
Сабаб чист, ки аз ду «Аргус»-и статсионарии СССР якеро дар Тоҷикистон насб кунанд?
— Тоҷикистон дорои маъданҳои зиёди кӯҳӣ аст. Ҳамчунин, замони шӯравӣ дар ин ҳудуд уран истеҳсол мешуд. Он вақт пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар тасаввури ягон кас намеғунҷид. Ҳадаф гузаронидани таҳлилҳои нейтронӣ-фаъолгардонӣ буд, ки хеле дақиқ ҳастанд, барои муайян кардани таркиби ҷинсҳои геологӣ, маъданҳои кӯҳӣ, муайян кардани унсурҳои химиявӣ дар таркиби хок муҳим мебошанд. Таҷзияи кимиёӣ дар таркиби ҷинсҳои кӯҳӣ агар то 1 грамм тилло дар як тонна маъдан бошад, онро муайян мекунад, аммо реактори ядроии «Аргус» миқдори тилло аз даҳ то сад маротиба камтар аз рақами зикршуда бошад ҳам онро муайян мекунад. Ин аз ҷиҳати иқтисодӣ муҳим ва фоидаовар аст. Тавассути «Аргус» хурдтарин маъдани таркиби ҷинси кӯҳиро муайян карда мешавад. Албатта, барои ба Тоҷикистон омадани «Аргус» саҳми Президенти онвақтаи АИ Тоҷикистон Муҳаммад Осимӣ ҳаст. Ӯ муносибати дӯстона бо Президенти АИ СССР Александров дошт.
Шумо муаллифи «Аргус» будед, дар насби он дар Тоҷикистон даст доштед. Агар пӯшида нест, он чӣ гуна сурат гирифт?
— Муаллиф будани ман муҳим нест. Мо соли 1986 «Аргус» -ро дар Тоҷикистон насб кардем. Ман роҳбари гурӯҳ будам. Ба пуррагӣ онро ба кор омода намудем. Танҳо маводи сӯхт (уран)-ро аз Маскав интизор будем. Он вақт тасмим гирифта шуд, ки ба ҷои сӯзишвории 90 — фоиза, 98,8 — фоизаро истифода барем. «Аргус»-и Институти Курчатов бо урани 90 фоиза кор мекард. Ин қадаме ба пеш буд. Ҳамон шабу рӯз дар стансияи ядроии Чернобил таркиш ба амал омад. Ин корро кашол дод. Мо дастур гирифтем, ки дигарбора бехатарии «Аргус»-ро мукаммал омӯзем, ҳарчанд он бехатар буд. Боз чанд солро сарфи омӯзиши дубора кардем. Ба истифода додани реактор ба охири солҳои ҳаштодуми асри 20 мувофиқ афтод. Ин давраи бозсозии Горбачёв буд. Ҳама ҷо бенизомӣ буд. Дар Душанбе ҳам эътирозҳо барои ба истифода додани «Аргус» ба миён омаданд. Аз пашша фил сохтанд. Хатари онро пеш оварда, гапҳои пой дар ҳаво мегуфтанд. Мо Тоҷикистонро тарк кардем. Он вақт тасмим гирифта шуд, ки «Аргус»-ро ба Маскав интиқол медиҳанд. Пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ба ин монеъ шуд. Аллакай сарҳади ягона набуд, интиқол мушкилоти зиёдеро ба миён меовард.
Соли 2008 дигарбора масъалаи барқарор кардани «Аргус» пайдо шуд. Замоне ки бо даъвати директори Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умаров Мӯминов Ҳ.Ҳ. ба Тоҷикистон омадем, ҳуш аз сарамон парид. «Аргус» дар обу лой ғарқ шуда буда буд. Солҳои бесарусомонӣ ноқилҳову электроникаи қисмати болоро канда бурда буданд. Кори зиёде моро дар пеш буд. Чанд шабонарӯз обу лойи дохили таҳхонаро, ки аз чанд қабат иборат буд, бо мошинҳои махсус берун кашидем, вале боз кор кашол ёфт. Дар дохили Академия нафароне мухолифи барқарорсозии «Аргус» буданд. Ба кадом хотир онҳо ин корро мекарданд, худашон медонанд. Шояд аз мутахассис набудан, ё ягон сирри дигаре ин ҷо ниҳон буд. Қисман онро омӯхтем, вале боз кор кашол ёфт. Президенти нави АИ Тоҷикистон Фарњод Раҳимӣ, ки физик, мутахассис аст, моҳияти ин дастгоҳро дарк кард ва бо ҷиддият ба ин кор машғул шуд. Маҳз ӯ сабабгори аз нав ҷон гирифтани корњо дар самти барқарорсозии реактор гашт. Агар «Аргус» ҳамон вақт фаъол мешуд, Тоҷикистон ҳам мисли «Курчатов» соҳиби дастовардҳои зиёди илмӣ ва истеҳсолӣ мегардид. Акнун шартнома баста шуд, Академияи илмҳои Тоҷикистон ба кор шуруъ кард.
Шумо дар рафти суҳбат аз бартариҳои «Аргус»-и Тоҷикистон ҳарф задед. Онҳо дар чӣ ифода меёбанд?
Реакторро, ки ба кор даровардем, мефаҳмед.
«Аргус»-ро кадом вазифаҳо дар пешанд?
Фикр мекунам се вазифа: якум, фаъолгардонии нейтронӣ. Барои ин кор нақшаи генералии Ҳукумат дар соҳаи геология зарур аст. Ин ҷо ягон ихтирои нав лозим нест. Технология мавҷуд аст, ин корҳоро қаблан низ карда буданд. Дуюм, радиографияи нейтронӣ. Ин ченкунии аниқе мебошад, ки барои муайян намудани сохтори дақиқи маводњои нав истифода мешавад. Дақиқтарин ченак, ҳатто вазни ҷинсҳои ба чашм ноаёнро муайян месозад. Сеюм, омода сохтани изотопҳо. Асосан изотопҳои тиббӣ. Якум, изотопҳое, ки барои гузоштани таҷзия истифода мешаванд. Дуввум, изотопҳое, ки дар тиб истифода мешаванд. Ҳам табобатӣ, ҳам ивазкунандаи доруҳое, ки дар таркибашон маводи мухаддир ҳаст.
Барои қисмати сеюм- тайёр кардани изотопњои тиббї њамчун маводи доруворї ҳам аз нигоҳи эҳтиёҷ ва ҳам иқтисодӣ муҳим аст. Метавонед онро муфассал шарҳ диҳед?
Бале. Асосан ҳаб ё доруи моее, ки дар реактори ядроии «Аргус» истеҳсол карда мешаванд, барои бемории саратон пешбинӣ шудаанд. Беҳтараш ин мавзӯъро муфассал шарҳ медиҳам. Бемории саратон, қабл аз он ки рӯй занад, дар таркиби хун ё ҳуҷайраҳои узвҳои дохила вуҷуд доранд. Албатта, пеш аз буруз, рӯй ба инкишоф овардани ҳуҷайраи шахшудаи саратон пайдо намудани он роҳи дурусти пешгирии ин беморист. Будани ин ҳуҷайра ҳанӯз маънии гирифтори ба бемории саратонро надорад. Агар дар ҳамин марҳила онро «қапидан» тавонед, пешгирӣ ва табобати он осон аст. Дар давлатҳои хориҷа ҳар шаш моҳ одамонро аз чунин томограф ройгон мегузаронанд. Ба хотири он ки пеш аз ба бемории саратон гирифтор шудан онҳоро табобат намоянд. Ин роҳ осонтар аст. Намуди классикии гузоштани ташхиси саратон ин рентген аст. Вале рентген то захм бузург нашавад, пайдо карданаш душвор аст. Аммо радиодиагностика ним сол пеш аз буруз муайян карда метавонад, ки одам ба саратон гирифтор мешавад ё не. Радиодиагоностика ва томография ду шакли ташхисанд, ки бо ҳам рақобат доранд. Онҳо як хел ба бемор кумак мерасонад. Аммо, вақте як нафар барои ташхис ба назди духтур меояд ва аз ӯ мепурсанд, ки аз компютер мегузаред ё аз ташхиси радиоктивӣ? Ва ӯ, албатта, ташхиси компютериро интихоб мекунад. Барои он ки худи калимаи радиоктивӣ ӯро метарсонад. Шумо намояндагони ВАО бояд ин чизро нағз фаҳмед ва ба хонандагон дуруст фаҳмонед, ки гузаштан аз ташхиси радиоактивӣ барои муайян намудани бемории саратон комилан безарар аст.
Нафароне ҳастанд, ки беморияшон авҷ гирифтаасту дарди ҷонкоҳ доранд. Масалан, саратони марҳилаи чорум. Онро табобат карда намешавад. Чунки аллакай кор аз кор гузаштааст. Барои дардро ҳис накардани бемор ба ӯ доруҳое медиҳанд, ки дар таркибашон маводи мухаддир доранд. Он, албатта, дардро сабук мекунад. Аммо маводи мухаддир, хосияти одаткунонӣ доранд. Яъне, ба он одат мекунанду ҳар дафъа организм онро бештару бештар талаб мекунад. Беморро табобат кардан ғайриимкон бошад, ин маънои онро надорад, ки ба ӯ кумак кардан лозим нест. Таъсир бо воситаи элементҳои радиоактивӣ муассиртар аст, раванди паҳншавии ҳуҷайраҳои беморро дар организм суст мегардонад. Барои дардро нест кардан наркотикро ҳар шаш соат пас ба организм ворид кардан зарур аст. Аммо изотопи радиоактивиро ҳар шаш моҳ пас истифода мебаранд. Яъне, баъди ба бадан ворид шудани изотопи радиоактив бемор шаш моҳ дардро ҳис намекунад. Бемор азоб намекашад, атрофиёнро ба ташвиш намеандозад, зиндагии хубу бедард ба сар мебарад.
Нархи доруе, ки барои саратон тавассути реактори «Аргус» истеҳсол мешавад, гарон аст?
Арзон нест. Дар ҳар кишвар ҳар хел.
Масалан як граммаш?
Он бо грамм фурӯхта намешавад. 1 кюри (ченаки тиббӣ, ампула) дар соли 2015 тақрибан 115 -120 доллар меистод. Аввали соли 2017 ин нарх ба 250-270 доллар расид.
Дар як сол чӣ қадар “малибден” истеҳсол кардан мумкин аст? Масалан, дар заминаи «Аргус»-и «Курчатов»?
Бо грамм истеҳсол намешавад. Бо ченаки радиаксионӣ ҳисоб мешавад, ки истеҳсолаш дар як њафта то 100 кюрист.
Агар «Аргус» дар Тоҷикистон ба кор шурӯъ кунад, бояд мутахассисони соҳаи тиб ҷалб шаванд. Ман дар хусуси муайян кардани ташхиси пешакии саратон гуфтам. Вале ин суханони ман аст ва ман духтур нестам. Ба ин хотир онҳо ин чизро муайян карданашон лозим аст. Аз қафои миқдор гаштан лозим нест. Сифат муҳим аст.
Ба истиснои Русия боз дар кадом кишварҳо зидди саратон чунин даво истеҳсол мекунанд?
Доираи чунин кишварҳо маҳдуд аст. Аммо калонтарин истеҳсолкунанда Канада аст, ки доруҳояшро Америка пурра харидорӣ мекунад.
Шумо мутахассиси соҳаи тиб ҳастед?
Ман мутахассиси сохтмони муҳаррики рокетаҳои ҳаставиям ва дар Институти Курчатов кор мекунам.
Ҳоло кӯшишҳои неруи атомиро дар соҳаи энергетика истифода бурдан зиёд аст. Магар истифодаи он дар шароити Осиёи Марказӣ ба мақсад мувофиқ аст?
Дар ҷое, ки дарё аз миёни куҳҳо мегузарад, истифодаи неруи об фоидаовар ва камхарҷ аст. Мисли «Норак», «Роғун». Аммо истифода аз неруи атом дар соҳаи энергетика низ барои инсоният, дар сурати мавҷуд набудани дигар сарчашмаву захираҳои табиӣ имконпазир аст.
«Аргус» дар Тоҷикистон кай ба кор медарояд?
Ин вобаста ба маблағгузорист. Агар имконияти молиявӣ мавҷуд бошад, дар як муддати кӯтоҳ. Он вақт дар Тоҷикистон ҳам илм пеш мераваду ҳам истеҳсолот, ҳам ҷои кор.
Мусоҳибон:
Шариф Ҳамдампур,
Саодат Розиқзода,
“Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ