«Реал Мадрид» — «Ливерпул» 3-1
Дар бозии аввали марҳилаи 1/4 ниҳоии Лигаи Чемпионҳо бошгоҳи «Реал Мадрид»-и Испания бо дастаи «Ливерпул»-и Англия бо ҳам вохӯрданд. Набарди дастаҳо дар варзишгоҳи «Алфредо ди Стефано»-и шаҳри Мадрид баргузор гардида, бо ҳисоби 3:1 ба нафъи «Реал Мадрид» анҷом ёфт. Дар ин бора хабар додааст сомонаи varzishtv.tj.
Дар дақиқаи 27-ум ҳамлагари «Реал Мадрид» Винисиус Жуниор пас аз партофти Тони Кроос дарвозаи «Ливерпул»-ро рахна сохта, дастаашро ба пеш баровард. Дар дақиқаи 36-ум Асенсио аз иштибоҳи муҳофизатгари «Ливерпул» истифода бурда, голи дуюми «Реал»-ро вориди тӯри дарвозаи Алисон Бекер намуд.
Нимаи аввали бозӣ бо ҳисоби 2:0 ба суди «Реал» анҷом ёфт. Нимаи дуюми вохӯрӣ бо ҳамлаҳои дастаи «Ливерпул» оғоз гардид. Дар дақиқаи 51-ум ҳамлагари мисрии «Ливерпул» – Муҳаммад Салоҳ ба як голи «Реал» ҷавоб гардонида, ҳисобро 2:1 кард.
Ҳамин тавр дар дақиқаи 65-ум Винисиус голи сеюми «гаразмониҳо»-ро ба самар расонида, дублро ба номаш сабт намуд.
Бозии ҷавобии дастаҳо санаи 15-уми апрел дар варзишгоҳи «Энфилд» баргузор мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ