«Регар-ТадАЗ» маротибаи сеюм барандаи ҷом шуд
Қисмати ниҳоии Ҷоми ёздаҳуми Федератсияи футболи Тоҷикистон бо пирӯзии «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода анҷом ёфт.
Дар бозии ниҳоӣ «Регар-ТадАЗ» бар «Ҳосилот»-и Фархор бо ҳисоби 4:0 ғалабаи боваринок ба даст овард. Дубли Артур Фозилов ва голҳои Шуҳрат Элмуродову Фатҳулло Фатҳуллоев ба клуби шаҳри Турсунзода муваффақият оварданд. «Регар-ТадАЗ» бори сеюм дар таърихи худ барандаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон гардид. Регариҳо қаблан дар солҳои 2012 ва 2016 соҳиби Ҷом шуда буданд.
Дар бозӣ барои ҷои сеюми Ҷоми ФФТ-2022 «Файзканд»-и Восеъ аз «Хатлони Бохтар» пурқувваттар буд — 3:1. Дар ҳайати ғолибон Амирҷон Сафаров ду гол ба самар расонд. Оятулло Сафаров ба дарвозаи дастаи Бохтар як голи дигар зад. Беҳтарин бозигари бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ-2022 ҳамлагари дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода Артур Фозилов эътироф шуд, ки ба дарвозаи «Ҳосилот»-и Фархор ду гол зад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ