«Рейд» алайҳи ришдорон дар яке аз бозорҳои Тошканд
Маъмурони ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон 23 август дар натиҷаи рейде дар бозори «Малика», яке аз бозорҳои калонтарини шаҳри Тошканд, даҳҳо марди ришдорро боздошт ва ба шуъбаи пулис бурданд. Боздоштшудаҳо пас аз тарошидани ришашон дубора озод шуданд.
Як соҳибкор, ки дар бозори «Малика» бо фурӯши техникаҳои маишӣ машғул аст, гуфт, 23 август кормандони пулис ӯро низ боздошт карда, ба шуъба бурда буданд.
«Рейд пас аз нисфирӯзӣ оғоз шуд. Кормандони пулис дар либоси мулкӣ ҳамаи мардони ришдорро боздошт карда, бо худ бурданд. Дар онҷо ба мо таҳдид карданд, ки агар ришатонро натарошед, зиндонӣ хоҳед шуд. Касоне, ки розӣ шуданд, пас аз гирифтани ришашон озод гаштанд ва касоне, ки мухолиф баромаданд, дар боздоштгоҳ монданд», — афзуд ӯ.
Шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки боздошт ва иҷборан ришҳояшон тарошида шуд, ҳоло аз сардори пулиси шаҳри Тошканд талаб доранд, то қазия расман шарҳ дода шавад.
Дар Идораи мусулмонони Ӯзбекистон низ бо ин амали кормандони пулис розӣ нестанд. «Мондани риш барои ҳар як мусулмон суннат аст. Боздошти шаҳрвандон танҳо барои мондани риш ғайриқонунӣ аст», — афзуд намояндаи идораи мазкур.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ