Рейтинг — 2021. Кӣ пешсаф аст?
Аз “Рейтинг — 2021”, ки сомонаи Pressa.tj ташкил кард, 12 рӯз сипарӣ гардид. Дар ин 12 рӯз раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, соҳибкор Исмоил Зоиров, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, раиси “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ, бунёдгузори саҳифаи “Saliheen” Солеҳ ва чанд нафари дигар бо гирифтани овози бештар дар сафи пеш қарор доранд.
Тавре аз натиҷаи овозҳо бармеояд, дар номинатсияи “Раиси сол” раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ соҳиби 4717 овоз, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода — 2296 ва раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода соҳиби 617 овоз гардидаанд.
Дар номинатсияи “Хайрхоҳи сол” соҳибкор Исмоил Зоиров бо касби 23089 овоз аз роҳбари ширкати “Сарманзил” Маҳмудҷон Муродов (640 овоз) ва Раҳим Бобоҷонов (2400 овоз) пеш гузаштааст.
Дар номинатсияи “Вазири сол” вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо 4277 овоз, дар номинатсияи “Бонкири сол” раиси “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ бо 9161 овоз ва ҳаммуассиси “Алиф Бонк” Абдулло Қурбонов бо 4598 овоз, дар номинатсияи “Ректори сол” ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо 25077 овоз, дар номинатсияи «Соҳибкори сол» директори генералии “Авесто гуруҳ” Муҳаммад Мирзо бо 5611 овоз, дар номинатсияи “Чеҳраи сол” сарояндаи тоҷики муқими Русия Манижа Сангин бо 3136 овоз, дар номинатсияи “Сарояндаи сол” овозхон Ҷонибек Муродов бо 2286 овоз, дар номинатсияи “Варзишгари сол” ҷудокор Комроншоҳ Устопириён бо 1736 овоз ва дар номинатсияи “Блогери сол” бунёдгузори саҳифаи “Saliheen” Солеҳ бо 3500 овоз дар сафи пеш қарор доранд.
Дигар номзадҳо — вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир соҳиби 1542 овоз, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода — 2464, раиси Шӯрои нозирони ҶСП ТАҚХ «Ҳумо» Илҳом Абдуллоев — 938, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Маҳмадшоҳ Гулзода — 9757, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Нуъмонҷон Ғаффорӣ — 835, бизнес-тренер Саидмурод Давлатов — 3478, директори “Ғаюр семент” Акбар Ғуломов — 2130, варзишгарони навъи ҷиу-ҷитсуи бразилиягӣ Мунис ва Абӯбакр — 2827, овозхон ва блогер Абдурозиқ Игамов — 2069, сароянда Мубориз Усмонов — 1563, овозхон Сафармуҳаммади Рустам — 498, самбист Акмалиддин Каримов — 1580, варзишгари муҳорибаҳои омехта Фаридун Одилов — 1054, бунёдгузори “Битва блогеров” Илҳом Фозилов — 124 ва бунёдгузори “Авлод медиа” Барон (Беҳрӯз Набиев) соҳиби 1183 овоз гардидаанд.
Ёдрас мешавем, ки овоздиҳӣ дар «Рейтинг — 2021» то 31-уми декабри соли 2021 идома меёбад.
P.S. Ҳамарӯза Pressa.tj соати 14:00 аз рафти овоздиҳӣ ҷиҳати муайян кардани «Рейтинг — 2021» муфассал маълумот медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ