Рейтинг — 2021. Кӣ пешсаф аст?

Аз “Рейтинг — 2021”, ки сомонаи Pressa.tj ташкил кард, 13 рӯз сипарӣ гардид. Дар ин 13 рӯз раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, соҳибкор Исмоил Зоиров, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, раиси “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ, бунёдгузори саҳифаи “Saliheen” Солеҳ ва чанд нафари дигар бо гирифтани овози бештар дар сафи пеш қарор доранд.

Тавре аз натиҷаи овозҳо бармеояд, дар номинатсияи “Раиси сол” раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ соҳиби 4831 овоз, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода — 2310 ва раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода соҳиби 626 овоз гардидаанд.

Дар номинатсияи “Хайрхоҳи сол” соҳибкор Исмоил Зоиров бо касби 23201 овоз аз роҳбари ширкати “Сарманзил” Маҳмудҷон Муродов (644 овоз) ва Раҳим Бобоҷонов (2425 овоз) пеш гузаштааст.

Дар номинатсияи “Вазири сол” вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо 4408 овоз, дар номинатсияи “Бонкири сол” раиси “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ бо 9384 овоз ва ҳаммуассиси “Алиф Бонк” Абдулло Қурбонов бо 4679 овоз, дар номинатсияи “Ректори сол” ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо 33014 овоз, дар номинатсияи «Соҳибкори сол» директори генералии “Авесто гуруҳ” Муҳаммад Мирзо бо 5618 овоз, дар номинатсияи “Чеҳраи сол” сарояндаи тоҷики муқими Русия Манижа Сангин бо 3203 овоз, дар номинатсияи “Сарояндаи сол” овозхон Ҷонибек Муродов бо 2317 овоз, дар номинатсияи “Варзишгари сол” ҷудокор Комроншоҳ Устопириён бо 1900 овоз ва дар номинатсияи “Блогери сол” бунёдгузори саҳифаи “Saliheen” Солеҳ  бо 3583 овоз дар сафи пеш қарор доранд.

Дигар номзадҳо — вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир соҳиби 1547 овоз, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода — 3943, раиси Шӯрои нозирони ҶСП ТАҚХ «Ҳумо» Илҳом Абдуллоев — 941, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Маҳмадшоҳ Гулзода — 9772, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Нуъмонҷон Ғаффорӣ — 839, бизнес-тренер Саидмурод Давлатов — 3537, директори “Ғаюр семент” Акбар Ғуломов — 2146, варзишгарони навъи ҷиу-ҷитсуи бразилиягӣ Мунис ва Абӯбакр — 2990, овозхон ва блогер Абдурозиқ Игамов — 2119, сароянда Мубориз Усмонов — 1867, овозхон Сафармуҳаммади Рустам — 499, самбист Акмалиддин Каримов — 1850, варзишгари муҳорибаҳои омехта Фаридун Одилов — 1074,  бунёдгузори “Битва блогеров” Илҳом Фозилов — 175 ва бунёдгузори “Авлод медиа” Барон (Беҳрӯз Набиев) соҳиби 1271 овоз гардидаанд.

Ёдрас мешавем, ки овоздиҳӣ дар «Рейтинг — 2021» то 31-уми декабри соли 2021 идома меёбад.

P.S. Ҳамарӯза Pressa.tj соати 14:00 аз рафти овоздиҳӣ ҷиҳати муайян кардани «Рейтинг — 2021» муфассал маълумот медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *