Рейтинги Левандовский аз Мессӣ ва Роналду боло рафт

Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) футболбози лаҳистонӣ Роберт Левандовскийро беҳтарин бозигари соли 2020 номид. Ин маросим ҳафтаи гузашта онлайн баргузор шудааст.

Барои соҳиб шудан ба ин љоиза ба ғайр аз ҳуҷумкунандаи 32-солаи клуби футболи «Байерн» (Олмон), португалӣ Криштиану Роналду (аз «Ювентус»-и Италия) ва аргентинӣ Лионел Мессӣ (аз «Барселона»- Испания) низ талабгор буданд. Ин ду нафар чанд соли охир ин љоизаро байни худ тақсим мекарданд, аммо ин навбат Левандовский тавонист, ки бо нишондиҳандаҳои беҳтар унвони беҳтарин футболбозро аз худ кунад.

Дар мавсими 2019/20 Левандовский бо «Байерн Мюнхен» дар Бундеслига чемпион шуд, Ҷоми Олмон, Суперҷом ва Лигаи чемпионҳои Аврупоро ба даст овард. Ин форвард дар ин мавсим 55 гол зада, 10 партофти головар анљом додааст.

Левандовский аз соли 2014 «Байерн Мюнхен»-ро намояндагӣ мекунад. Вай, инчунин, дар дастаҳои «Боруссия»-и Олмон, «Знич» ва «Лех»-и Лаҳистон бозӣ кардааст. Соли 2020, ӯ инчунин аз ҷониби Иттиҳоди ассотсиатсияҳои футболи Аврупо (UEFA) беҳтарин бозигар баргузида шуда буд.

Љоизаи беҳтарин футболбози FIFA соли 2016 таъсис ёфтааст. Ба ғайр аз Роналду, Мессӣ ва Левандовский Лука Модричи хорватӣ низ барандаи он шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *