Рейтинги нави ҷаҳонии WTA нашр шуд
Рейтинги нави ҷаҳонии Ассотсиатсияи тенниси занон нашр шуд. Дар даҳгонаи беҳтарин танҳо як тағйирот ба амал омад. Онс Ҷабер аз Тунис ва Каролин Гарсиа аз Фаронса ҷой иваз карданд, ки ҳоло мутаносибан ҷойҳои панҷум ва шашумро ишғол мекунанд.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, пешсафиро чун пештара Ига Свёнтек аз Лаҳистон (9 490 хол) нигоҳ дошт. Дар ҷои дуюм Арина Соболенко аз Белорус (8 845 хол) ва дар ҷои сеюм Елена Рибакина аз Қазоқистон (5 465 хол) қарор доранд.
Ҷойи чорумро Ҷессика Пегула (ИМА), панҷумро Онс Ҷабер (Тунис), шашумро Каролин Гарсиа (Фаронса), ҳафтумро Кори Гауфф (ИМА), ҳаштумро Петра Квитова (Чехия), нуҳумро Мария Саккари (Юнон) даҳумро Маркета Вондроусова (Чехия) ишғол кардаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ