Рейтинги Тоҷикистон. Аз шаффофияти буҷет то даромаду хароҷот

Тоҷикистон дар “Индекси шаффофияти буҷет”-и соли 2023 бо гирифтани 33 хол аз 100 холи имконпазир дар байни 125 кишвари ҷаҳон ҷойи 90-умро гирифтаст. Дар рейтинги гузашта, яъне 2021 Тоҷикистон бо касби 16 хол дар байни 120 кишвар дар ҷойи 106-ум қарор доштааст. Ин маълумот зимни як семинар вобаста ба мавзӯи буҷети Тоҷикистон чанде пеш дар меҳмонхонаи “Румӣ” садо дод. Дар он намояндагони вазоратҳо, шарикони рушд, коршиносони мустақил ва рӯзноманигорон иштирок доштанд.

Мавқеи Тоҷикистон дар рейтинг

Уктам Ҷумаев, коршиноси мустақили “Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” аз Тоҷикистон, ки таҳқиқоти рейтингро гузаронидааст, мегӯяд, ҳарчанд Тоҷикистон чанд зина боло рафтааст, вале ҳоло ҳам дар рӯйхат мавқеи шоистаро ишғол намекунад. Натиҷаи қобили қабул бояд болотар аз зинаи 61 бошад. Ба иттилои Уктам Ҷумаев, аз ҳамсояҳои Тоҷикистон дар ин рейтинг танҳо Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат мекунанд, ки ҳарду ҳам дар мавқеи кифоя ҳастанд. Қазоқистон бо касби 63 хол дар ҷойи 32-юм ва Қирғизистон бо касби 61 хол дар зинаи 38-ум қарор дорад.

Онҳо дар рейтинги гузашта (соли 2021) ҳам тақрибан чунин холро ба даст оварда буданд. Ӯзбекистон ва Туркманистон дар ин рейтинг ворид намешаванд. Ҳамин тавр, Тоҷикистон дар байни се кишвари Осиёи Марказӣ дар ин рейтинг дар ҷойи охир қарор дорад.

Уктам Ҷумаев, коршинос

“Мавқеи Тоҷикистон дар ин раддабандӣ тавассути сари вақт тариқи онлайн интишор кардани лоиҳаи буҷети давлатӣ ва ҳисоботи аудитории он беҳтар шуд. Вале мукаммалии ҳуҷҷатҳои буҷетӣ тавассути коҳиши ҳаҷми интишори иттилоот дар изҳороти то буҷетӣ ва буҷети қабулшуда паст гардид”,- гуфт Уктам Ҷумаев.

Номбурда илова кард, ки Тоҷикистон дар зершохиси шаффофияти буҷет дар самти иштироки ҷомеа дар раванди буҷет 7 холро аз 100 холи имконпазир дастрас кард. Ин дар ҳолест, ки дар индекси гузашта Тоҷикистон умуман хол надошт.

Чор тавсия ба вазоратҳои Тоҷикистон

Уктам Ҷумаев ҳангоми шарҳи рейтинг гуфт, ки иштироки ҷомеа дар тамоми марҳилаҳои раванди буҷет як унсури хеле муҳими баланд бардоштани самаранокии истифодаи маблағҳои буҷетӣ ва паст кардани сатҳи коррупсия дар масоили молии давлатӣ мебошад.

Шабакаи байналмилалии буҷетӣ барои беҳтар шудани мавқеи Тоҷикистон дар ин рейтинг чунин тавсияҳо додааст:

Якум, ташкили механизмҳои ҷалби аҳолӣ ба марҳилаи таҳияи буҷет ва то тасдиқ шудани он.

Дуюм, зарурати вусъат додани муҳокимаи раванди иҷрои буҷет бо ҷалб ва иштироки васеи ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷонибҳои манфиатдор.

Сеюм, омӯзиши имкони васеъ намудани ҳайат, нақша ва шумораи баргузории ҷаласаҳо ва ваколатҳои гурӯҳи кории байниидоравӣ барои баланд бардоштани иштироки шаҳрвандон ва таъсири он ба раванди буҷет.

Чорум, ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои осебпазир бевосита ё тавассути созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳри ҷалби онҳо ба раванди буҷетӣ.

Аз ислоҳот то таҷриба  

Бояд гуфт, ки соли 2020 Стратегияи нави идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул  шуд. Дар он самтҳои асосии ислоҳот дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ мушаххас оварда шудааст. Шаффофият ва ҳисоботдиҳии буҷет яке аз самтҳои афзалиятноки ислоҳот дар ин самт муайян гардидааст. Тоҷикистон дар арзёбии Индекси шаффофияти буҷет шуруъ аз соли 2012 ширкат намуда, тибқи таҷриба натиҷаи арзёбии мазкур дар ду сол як маротиба баргузору нашр мешавад.

Саодат Сайфутдинова, коршиноси лоиҳа

Саодат Сайфутдинова, коршиноси лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оид ба омӯзиши буҷет мегӯяд, ки Вазорати молияи Тоҷикистон барои беҳтар намудани усулҳои банақшагирии буҷет фаъолияти назаррас дорад.  “Бо дигар ниҳодҳои молиявӣ дуруст ба нақша гирифтану истифодаи самараноки маблағи буҷет таъмин карда мешаванд. Аммо ҳар як вазорату идораи блоки иқтисодӣ ҳам ҳангоми банақшагирии буҷет ба афзалиятҳои асосӣ бояд диққат диҳанд”,- гуфт ӯ.

Номбурда таҷрибаи Гурҷистону Канада ва Мексикаро дар самти банақшагирии буҷет бисёр муҳим донист, ки метавонад барои Тоҷикистон намуна бошад. Зеро дар ин кишварҳо платформаҳои махсуси муттаҳид кардани ниҳодҳои блоки иқтисодӣ дар раванди банақшагирии буҷет мавҷуданд.

“Инфографикаи интерактивӣ ва маълумот ба канадагиҳо кумак менамояд, то ҳадафҳои ҳукумати федералиро дарк намоянд. InfoBase маълумоти воқеиро дар бораи он, ки ҳукумат пули худро чӣ гуна сарф мекунад, чӣ гуна аҳолии худро идора менамояд ва барои ноил шудан ба ҳадафҳои худ чӣ нақша дорад, ба вакилони парлумон ва канадагиҳо пешкаш мекунад”,- гуфт ӯ.

Дар таҷрибаи Мексика бошад, аз соли 2011 инҷониб ҳукумати федералӣ Портали шаффофияти буҷетро (Portal de Transparencia Presupuestaria- PTP-) истифода мебарад. Портали мазкур иттилооти самаранокиро тавре пешниҳод мекунад, ки аз ҷониби корбарон бидуни дониши амиқ оид ба равандҳои буҷет ё иттилоот дарк карда мешавад. Яъне, он бо истифода аз шарҳи инфографикӣ ва ҷойгиркунии маълумот вобаста ба мавқеи географӣ анҷом дода мешавад.

Зимни баромади Саодат Сайфутдинова шаҳру ноҳияҳое маълум шуд, ки барои таъмини буҷети ҷумҳуриявӣ саҳм низ мегузоранд. Аз ҷумла, вилояти Суғд, шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат аз ҳиссагузорони асосӣ ба буҷети ҷумҳуривӣ маҳсуб меёбанд. Аммо аз чӣ бошад, ки вилояти Хатлон дар рӯйхат набуд. Шояд ба буҷети ҷумҳурӣ саҳм намегузораду бештар дар дотатсия, яъне аз субвенсия бархӯрдор аст.   

44,1 млрд ҳаҷми умумии буҷет дар соли 2024

Соли ҷорӣ ҳаҷми умумии буҷет 44,1 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст. Қисмати зиёди маблағ ба соҳаи маориф равона мегардад. Афзоиши буҷет дар ин самт ба беш аз 14% расида, 8,23 млрд сомониро ташкил медиҳад. Ба соҳаи иҷтимоӣ қариб 19 млрд сомонӣ ва барои тараққиёти иқтисодӣ 15 млрд ҷудо мегардад.

Ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаи фарҳанг ва варзиш 1,7 млрд ё қариб 15% бештар муқаррар шудааст.

Коршиносон мегӯянд, ки гузаронидани рейтингҳо аз чанд ҷиҳат муфид аст. Пеш аз ҳама, мардум аз фаъолияти ниҳодҳои молиявӣ огоҳ мегарданд ва сатҳи саводи молиявии онҳо боло меравад. Вазорату идораҳои марбут ба самти молия низ дар заминаи натиҷагирӣ аз чунин рейтингу натиҷагирии молиявӣ ва ошкоршавии камбудиҳо ва зимнан тавсияҳо фаъолияташон беҳтар мегардад.

Усмон РАҲИМЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *