Рекорди Бобоҷон Ғафуров
Дар Суғд 2180 оила барҳам хӯрду 1538 кӯдак нимятим монд
Дар вилояти Суғд давоми 6 моҳи соли 2018 -ум 8768 оила барпо шуда, дар ин муддат 2181 оила барҳам хӯрдааст. Ба гуфтаи сардори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилояти Суғд Муқаддам Ҳошимзода аз 2180 ҳолати сабти бекоркунии никоҳи оилаҳо 1345 ҳолат бо қарори суди шаҳру ноҳияҳо ҷудо шудаанд:-«Дар натиҷаи ин ҷудошавӣ 1538 кӯдакони ноболиғ аз тарбия ва меҳру муҳаббати яке аз тарафҳо (падар ё модар) дур монанд. Пошхӯрии оилаҳо бештар дар шаҳрҳу ноҳияҳои Панҷакент, Исфара, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Деваштич ва Ашт ба қайд гирифта шудааст»- афзуд Ҳошимзода.
Бӯстон: 59 оила барпо шуду 30 оила барҳам хӯрд
Агар гӯем, ки барпошавию барҳамхӯрии оилаҳо баробаранд, шояд хато накунем. Мисоли рӯшани ин омори баланди ҷудошавии оилаҳо дар вилояти Суғдро мо дар шаҳри Бӯстон дида метавонем. Зимни нишасти хабарӣ бо журналистон раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода аз барҳамхӯрии оилаҳои ҷавон изҳори нигаронӣ карда гуфт: -Дар давоми шаш моҳ дар шаҳр 59 оила барпо шуда бошад, дар ин муддат 30 оила барҳам хӯрд, ки ин нишондиҳандаи ниҳоят баланд аст. Аз ин рӯ, мо бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кор бо занон ва оилаи назди МИҲД-и шаҳру вилоят баҳри пешгирии пошхӯрии оилаҳо чорабинию вохӯриҳо гузаронида истодаем, то оилаҳои ноустувор ва сермоҷароро ба муросо оварда, аз вайроншавӣ эмин дорем.
Дар Ғафуров 265 оила барҳам хӯрд
Мувофиқи омори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии вилоят дар масъалаи ҷудошавии оилаҳо аз ҳама нишондиҳандаи баланд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба қайд гирифта шудааст. Давоми шаш моҳ дар ин ноҳия 265 оила аз ҳам ҷудо шудаанд. Ба гуфти масъулини кор бо занон ва оилаи назди МИҲД-и ноҳия қисми зиёди ҷудошавии оилаҳо бо қарори суд бекор карда шудааст. Яке аз он оилаҳои ҷавон, ки моҳи май аз ҳам ҷудо шудаасту то ҳол дар ба дари мақомоти судӣ давутоз доранд, Дилфӯза Каримова (бо хоҳиши қаҳрамон ном дигар карда шуд) мебошад. Ин ҷавонзани 27-сола зода ва сокини шаҳри Хуҷанд буда, соли 2016 ба ноҳияи Б. Ғафуров келин шуда рафтааст. Ин зан сабаби ба миён омадани муаммои оилавияшро чунин нақл кард:- Аслан ману шавҳарам нияти ҷудошавӣ надорем ва то ҳол мисли баъзе аз мардҳо, ки занро бераҳмона мезананд, латукӯб накардааст. Гоҳо ба хатоие роҳ диҳам, барои ислоҳ шуданам сарзаниш мекунад. Аммо бо вуҷуди шароити зиндагиямон паст будан ва дар як ҳавлии ҳамагӣ чорхонагӣ се оила зиндагӣ кардан, ҳафтае ду — се бор хоҳаршӯям бо фарзандонаш меҳмонӣ меояд ва ғурбату ҷанҷол хезонда, баъд бармегардад. Ҳар гоҳ ки ӯ омад, оташи ҷанг се — чор рӯз дар хонаи мо фурӯзон мешавад ва хушдомани бе ин ҳам ҷангҷолиям, ки намегузорад писараш ба назди ҳамсари худ хобад, баҳудаю беҳуда ғурбат мекунад. Зиндагии сагона дар хона ба дилам зада бошад ҳам, ба хотири хубии шавҳарам ҷудо шуданӣ нестам, вале хушдоманам анҷоми рӯзгорамро ҷамъ карда, маро ба хонаи падар гусел кард. Маҷбур дорад, ки ариза оид ба ҷудошавӣ нависем, писарашро бо шарти он ки агар аризаро нанависад, ширашро ба осмон меҷӯшад (як навъ оқ кардан) ё сарашро гирифта аз он хона меравад, ба навиштани аризаи ҷудошавӣ маҷбур кард, маро бошад таҳдид карда истодааст. Ҳоло ману шавҳарам бо айби хушдоманам дар вартаи ҷудошавием, аммо ҳар ду намехоҳем.
Пошхӯрии оилаҳо аз нигоҳи коршинос
Коршинос Саидумрон Саидов дар мавриди пошхӯрии оилаҳо ва сабабҳои он гуфт: -Мутассифона, имрӯз дар мавриди хонадор кардани фарзанд аз ҷониби волидайн ё интихоби арӯс аз ҷониби ҷавонон танҳо ду омил ба назар гирифта мешавад, ки бо вуҷуди зоҳиран муҳим будани он гоҳо дар мавриди пойдории оила он арзиши хешро гум мекунад. Ин омилҳо яке моддиёт ё худ сатҳи зиндагии духтар ва дигаре ҷавониву ҳусни беҳамтои ӯ. Омили дувумро ҳаргиз сарфи назар набояд кард, зеро инсон ҳамрадифи зиндагии хеш касеро интихоб менамояд, ки барои ӯ дилкашу дилбар бошад. Вале гоҳо мо аз сари бехабарӣ ва кӯтоҳандешӣ баъзе аз омилҳо, аз ҷумла соҳиби ахлоқу одоби ҳамида будани духтар, дониш ва камобеш дорои таҷрибаи зиндагӣ будани ӯ, саломативу соҳиби ақлу тамизи мукамммал будани арӯси оянда камтар фикр менамоем. Тӯй ба қавле «меҳнати сад сола андар як тамошо» мегузарад, вале баъди он зиндагии навини ҷавонон оғоз мешавад ва он бояд тӯли як умр давом ёбад. Гоҳо дар муносибати дуруст ва неки ду ҷавон на боигарии волидайн,ки қабл аз тӯй он дар маркази диққат қарор дошт ва ҳатто зебогиву ҷавонии арӯс, ки мояи фахри арӯскунандгон буд нақше наметаваонад бибозад. Аз ин рӯ, бояд донист, ки арӯси ҷавонтар аз домод танҳо арзиши зоҳирӣ дорад, зеро:
1.Аз назари равонӣ як ҷавони 25-27 — сола наметавонад бо як бонуи 18 — сола ҳамдигарфаҳмии рӯзмарраро дар маърифати зиндагӣ ва воқеаҳои он ба роҳ монад. Маҳз назари мухталиф боиси ихтилофҳои иҷтимоӣ хоҳад шуд.
2.Аз назари ҷисмонӣ низ баробарии синну сол имкон медиҳад зану шавҳар солҳои тӯлонӣ зиндагии хубро ба сар баранд, зеро омили пайванди ҷисмии онҳо низ муҳим аст.
3.Аз назари моддиёт ва бениёзӣ дар зиндагӣ низ агар арӯс чун домод соҳиби диплом ё касбу кор ва ё ақаллан дар нимароҳи ин пешаҳо бошад, барои оилаи ҷавон таъмини хониши арӯс вазнин нахоҳад афтод. Ҳол он ки бештарини низоъҳои оилавӣ аз дасткӯтоҳӣ ва таъмин карда натавонистани маблағи хониши арӯс низ ҳаст. Умуман барвақт хонадоршавии ҳам духтар ва ҳам ҷавон қобили қабул нест. Зеро зиндагӣ мактабест,ки ба он аввал омода бояд шуд.
26 соли хушунату зӯроварии шавҳар
Дар баробари садҳои сабаби пошхӯрии оилаҳо вақтҳои охир бо худкушию куштор фарҷом ёфтани хушунати оилавӣ дар вилояти Суғд зиёд ба қайд гирифта шудааст. Фирӯза Нарзуллоеваи 45 — сола аз он занонест, ки зӯроварии шавҳараш ба сари оилаи замоне хушбахт ва ободи онҳоро шикаставу аз ҳам пош дод. Ин зани ғамдида зимни суҳбат ба мо гуфт: «Бо ҳамсарам – Ғайрат Нарзуллоев бо дӯстдории ҳамдигар оила барпо намуда будем ва 26 сол зиндагии якҷоя доштем. Дар давоми ин солҳо борҳо шавҳарам дасту поямро зада шикасту сарамро кафонд, соҳиби ду писар шуда бошем ҳам, шавҳарам хуб не, балки бадтар шуда, тамоман майзада шуд. Вақте ки шавҳарам маст ба хона меомад, ба ману фарзандонам дармеафтод ва дар пешни чашмони ҳар ду писарам Некбахту Фирдавс маро латукӯб, ҳақорат ва таҳқир мекард. Ба сари бачаҳоямон мушт мебардошт. Баъдҳо вақти мастии ӯ гурехта пинҳон мешудем ва баъди хобаш бурдан нимашаб хона бармегаштем».
-Ҳар гоҳ ки фарзанди маро “падаркуш” ном мебаранд, болои сӯхта намакоб мешавад, зеро шавҳарам хусуре буд, ки борҳо ба келин дастдарозӣ кардан хост, бечора келин гоҳ ба кӯча медавиду гоҳ пушти ҷевони хона пинҳон мешуд. Як шаб ними шаб ба пушти дари хонаи Некбахт рафта, ду пой дар як мӯза андохту «берун баро ман ба ҷойгаҳи занат медароям”, — гуфт. Писарам аз шарми ҳамсояҳо гиря кард. Вақте Некбахти сарсахт ба замин нишаст, шавҳарам ба сараш ҳамла кард, писарам ҳам дар ҳолати стресс барои худро муҳофизат кардан бо бели дар пеши хонабуда падарашро зад ва ба ҳалокат расонид. Ин аст оқибати хушунати оилавӣ, ки шавҳарам шармандавор мурду писарам дар маҳбас аст,-нақлашро идома дод Фирӯза.
Бино бар омори расмӣ, дар соли 2018 дар вилояти Суғд 24 қатлу куштори одамон ба қайд гирифта шудааст, ки аксари онҳо дар заминаи зӯроварӣ дар оила рух додааст. Дар се маврид занон аз дасти шавҳарони худ ба ҳалокат расидаанд.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ