Рекорди фурӯши газ дар Ӯзбекистон
Ӯзбекистон дар моҳи июни имсол ба маблағи $181,5 миллион ба хориҷи кишвар газ фурӯхтааст. Дар ин бора Оҷонсии омори ин кишвар хабар медиҳад.
Ин рақам назар ба нишондоди моҳи майи соли равон 24 баробар ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,4 баробар бештар аст.
Қаблан Сарраёсати гумруки Чин хабар дода буд, ки ин кишвар аз аввали имсол аз Ӯзбекистон ба маблағи 235 миллион доллар газ харидааст.
Ӯзбекистон дар баробари Чин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳам газ мефурӯшад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ