Рекорди Хатлон: гирифторон 10 000, фавтидагон 200 нафар

Дар ҳудуди вилояти Хатлон айни замон наздики 10 ҳазор нафар гирифторони бемории диабети қанд ба қайд гирифта шудаанд, ки давоми соли охир зиёда аз 200 нафар гирифторони ин беморӣ фавтидаанд.

Дар ҳудуди вилояти Хатлон айни замон наздики 10 ҳазор нафар гирифторони бемории диабети қанд ба қайд гирифта шудаанд, ки давоми соли охир зиёда аз 200 нафар гирифторони ин беморӣ фавтидаанд.

Зокирҷон Холов, директори Маркази бемориҳои ғадудҳои дарунаи вилояти Хатлон иброз медорад, ки ҳарсол дар миқёси вилоят шумораи гирифторони бемории диабети қанд наздикӣ 500 нафар меафзоянд. Ин ҳам шахсоне мебошанд, ки аз қайди марказҳои ташхисиву табобатии ғадудҳои дарунаи вилоят ва шаҳру навоҳии он мегузаранд.

Тибқи иттилои мутахассисон,  то имрӯз ду навъи бемории диабети қанд ба қайд гирифта шудааст. Навъи якуми диабети қанд беморие мебошад, ки ғадуди зери меъда аз худ инсулин ҷудо намекунад ва нафароне, ки ба ин намуди беморӣ гирифторанд, бо доруи инсулин табобат карда мешаванд. Дар навъи дуюми диабети қанди навъ, ғадуди зери меъда аз худ кам инсулин ҷудо мекунад ва беморро водор месозад, ки барои кам шудани миқдори қанди хун пас аз гирифтани тавсияи табибон дору истеъмол намояд.

Ба гуфтаи Зокирҷон Холов, риояи қатъии парҳезии фармудаи табибон ва бурдани корҳои зарурӣ баҳри тарзи ҳаёти солим, аз қабили даст кашидан аз истифодаи нӯшокиҳои спиртӣ, сигоркашӣ, ба танзим даровардани машқҳои пагоҳирӯзӣ, бештар пиёда роҳ гаштан ва амсоли инҳо метавонанд сабабгори ба танзим даромадани  ин беморӣ гардад.     

Ду сол қабл “Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи диабети қанд дар Тоҷикистон барои солҳои 2012-2017” қабул гардида буд. Дар доираи амалигардонии ин барнома то ҳадди имкон таъмини инсулин ба беморон ба роҳ монда мешуд, мутахассисони соҳа омода шуда, барои муассисаҳои тандурустии вилоят таҳлилгоҳҳо ва таҷҳизоти муосир таъмин мегардид. Аз хулосаи мутахассисон метавон гуфт, ки пас аз ба анҷом расидани муҳлати иҷрои барномаи мазкур таъмини инсулин ба беморон ба таври бояду шояд ба роҳ монда нашудаасту мушкилоти омодасозии мутахассисони ҳирфаӣ ҷой дорад. Инчунин, дар шаҳру навоҳии кишвар марказҳои замонавии бемориҳои ғадудҳои даруна ангуштшуморанд.

Борҳо ин масъала ба масъулони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон расонида шуда бошад ҳам, аммо барои дастгирӣ  иқдоме  нест.    

Ҷомӣ Халифев,

вилояти Хатлон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *