Ректор: Гуруҳҳои буҷавии равияи омӯзгориро зиёд мекунем

Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ талош дорад, ки гуруҳҳои буҷавии равияи омӯзгорӣ бештар шаванд.

Номбурда зимни як ҷаласаи корӣ бо иштироки муовинони ректор, деканони факултетҳо ва сардорони шуъбаҳо дар ин бора изҳори назар намудааст.

“Дар ҷаласа ректор масъалаҳои назорати донишҷӯёне, ки то ҳол ба дарсҳо дер меоянд, ҳолати ҳозиршавии таҷрибаомӯзон тибқи роҳхат ба мактабҳо, инчунин назорати донишҷӯёне, ки буҷавӣ ва тибқи Квотаи Президент таҳсил менамоянд мавриди баррасӣ қарор дод”,- иттилоъ доданд аз донишгоҳ ба Pressa.tj.

Ректори донишгоҳ масъулинро вазифадор намуд,  ки дар оянда шумораи қабул ба ҷойҳои буҷавӣ дар ихтисосҳои равияи омӯзгорӣ бештар ба нақша гиранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *