Ректори ДАТ: 90 фоизи донишҷӯён пас аз  хатм бо кор таъмин мешаванд

Дар соли 2023 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур аз 450 донишҷӯи хатмкарда ба 381 нафар роҳхати кор додааст.

Дар ин бора Усмон Маҳмадёрзода, ректори донишгоҳи номбурда зимни баргузории нишасти матбуотӣ  изҳор дошт. Ӯ гуфт, донишгоҳ 90% -и донишҷӯёнро бо кор таъмин менамояд.

 — Мо аз курси сеюм донишҷӯёнро барои таҷрибаомӯзӣ мефиристем. Онҳо дар  хоҷагиҳои кишоварзӣ, корхонаҳои перафтаи кишвар таҷриба мегиранд. Барои донишҷӯ аллакай роҳхат худ  меояд, — иброз дошт ректор.

Зикр гардид, ки донишгоҳ дар соли гузашта барои беҳтар кардани шароити будубоши донишҷӯён хобгоҳҳои онҳоро таъмир кардааст.

Инчунин, донишгоҳ 9 лоиҳаи грантӣ гирифтааст, ки барои омӯзиш ва пешрафти донишомӯзон муҳим аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *